Раҳмон ҷумҳурии Кореяи ҷанубиро дӯсти боэътимод номид

Тоҷикистон ба дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунарсаи ҳар ду кишвар хушбин буда, ба таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории муфид аҳамаияти хоса медиҳад.

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як барқия ба райисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ Пак Кин Хе ин кишварро барои Тоҷикистон "шарики муҳим ва дӯсти боэътимод" номидааст, иттилоъ медиҳад сомонаи расмии президенти ҶТ.

Номаи табрикотиро оқои Раҳмон унвонии хонум Пак Кин Хе ба муносибати солгарди Иди миллии ин кишвар ирсол кардааст.

Номаи Раҳмон ба нахуствазири Покистон Навоз Шариф

Президенти Тоҷикистон дар барқияи табрикиаш гуфтааст, ки "аз номи ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ ва мардуми дӯсти Корея табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниётро ба муносибати солгарди Иди миллии кишваратон тақдим медорам.

Тоҷикистон ба дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунарсаи ҳар ду кишвар хушбин буда, ба таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории муфид аҳамаияти хоса медиҳад.

Дар идомаи барқияи Раҳмон омадааст, мутмаинам, ки иҷрои аҳду паймонҳои ду ҷониб дар чаҳорчӯбаи сафари расмии имсолаи инҷониб ба кишвари зебоманзари Шумо ҳосилшуда муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории муфиди моро ба сатҳи сифатан нав боло хоҳад бурд ва оғозгари марҳалаи навини рушду тавсеа хоҳад гашт. Ҷониби Тоҷикистон ба хотири татбиқи барномаҳои муштараки мо, таҳкими суботу амнияти минтақа ва рушди устувори он саъю кӯшиши заруриро дар ин самт дареғ нахоҳад дошт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала