Бадахшон: барқарорсозии асноди зарардидагони офоти табиӣ

CC BY-SA 3.0 / wikimedia / Шиносномаи хориҷии шаҳрванди Тоҷикистон
Шиносномаи хориҷии шаҳрванди Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии кишвар баъд аз шиносоӣ бо вазъи зарардидагон ба тобеонаш супориш додааст, ки ҳуҷҷатҳои сокинон барқарор шаванд.

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон супориш додааст, ки ҳуҷҷатҳои нобудшудаи сокинони аз офатҳои табиӣ дар Бадахшон зарардида, барқарор гардад, менависад АМИТ Ховар.

Последствия схода сели в селе Бердак. 23 июля 2015 года - Sputnik Тоҷикистон
Офати табиӣ дар Бедак: агар шаб мебуд...

Раҳимзода баъд аз сафари хизматӣ ба вилояти Бадахшон ва шиносоии наздик бо вазъи зиндагии зарардидагони офати табиӣ ин супоришро додааст.

Далер Чоршанбиев, сухангуи Раёсати Вазорати дохилӣ дар Бадахшон ба Ховар гуфтааст, феълан аз 108 нафар шаҳрвандоне, ки бар асари офати табиӣ бе шиноснома монданд, изи дасти 103 нафар гирифта шуда, наздик ба 20  нафарашон соҳиби шиносномаи миллӣ гардидаанд.

Гармои камсобиқаи даҳаи охири моҳи июл боис ба болоравии сатҳи оби рудхонаҳои кишвар шуд, ки дар натиҷаи фаромадани ярчу сел даҳҳо манзили сокинонро тахриб ва ҷони 7 нафарро рабуд. Аз ҷумла 6 нафар дар ноҳияи Ванҷ ва як нафар дар ноҳияи Рашт кушта шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала