Расонаҳо: дар Ӯзбакистон ба шахсони танҳо ва маъюб маҳсулот медиҳанд

© Sputnik / Владимир ФедоренкоКӯдак дар аробачаи маъюбӣ. Акс аз бойгонӣ
Кӯдак дар аробачаи маъюбӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ба рӯйхате, ки мақомоти давлатӣ таҳия кардааст, 15 номгӯи маҳсулоти ғизоӣ ва гигиена ворид гардидааст.

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Ба ашхоси барҷомонда, танҳо ва малули Ӯзбакистон шурӯъ аз моҳи сентябри соли равон маҳсулоти ғизоӣ кӯмак расонида мешавад, иттилоъ медиҳад Ca-News аснои шарҳи қарори Девони вазирони он кишвар.

Ба рӯйхате, ки мақомоти давлатӣ таҳия кардааст, 15 номгӯи маҳсулоти ғизоӣ ва гигиена ворид гардидааст. Ба феҳрасти мазкур орди навъи олӣ дар ҳаҷми 3 кило барои як одам дар як моҳ, биринҷ, гречка, макарон, гӯшти беустухон (1 кило дар як моҳ), равғани растанӣ, тухм, собун ва ғайра шомил гардидааст.

Онҳое, ки аз давлат кӯмак мегиранд, нафақахӯрон ва маъюбони гурӯҳи I ва II, ки фарзанд, ҳамсар ва сарпараст надоранд, мебошанд.

Расонидани кӯмак ба манзили эҳтиёҷмандон ба дӯши кормандони ҳифзи иҷтимоӣ вогузор шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала