Таркиш дар Бангкок: 20 нафар ҳалоку 123 тани дигар ҷароҳат бардоштанд

Қаблан теъдоди кушташудагонро 19 нафар эълом карда буданд.

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Рӯзи душанбе бар асари як инфиҷор дар маркази тиҷоратӣ ва сайёҳии пойтахти Таиланд, шаҳри Бангкок 20 нафар ҳалок шуда, 123 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Ин таркиш дар наздикии чорроҳаи Ратчапрасонг, дар минтақаи тиҷоратӣ ва сайёҳии шаҳр, ки мағозаҳои калон ва ибодатгоҳи асосии ҳиндуҳо ҷойгиранд, рух дод. Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи тафтишотӣ бо роҳбарии сардори пулиси раёсати шаҳрӣ кор бурда истодаанд.

Мақомоти интизомӣ ҳоло гуфта наметавонад, ки дар ин ҷо мототсикл ё мошин таркидааст. Аз ин ду ҳолат якеаш имконпазир аст. Эҳтимоли инфиҷори таҷҳизоти газ низ мавҷуд аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала