ВКД: кашфу мусодираи беш аз 9 кило нашъа дар як рӯз

Обуна шудан
Дар вақти кофтукоб аз борхалтаи сокини ноҳияи Шӯрообод беш аз 7 кило ҳероин дарёфт шуд.

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Кормандони мақомоти умури дохилии кишвар тайи як рӯз дар пайи амалиётҳои вижаи фаврӣ ҷустуҷӯӣ дар Шӯроободу Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 9 кило маводи мухаддира дарёфту мусодира кардаанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ВКД ҶТ.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ марди 30-солаи сокини ноҳияи Шӯроободро бо гумони даст доштанаш ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир намуданд.

Ҳашиш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кашфу мусодираи беш аз 11 кило нашъа аз ҷониби кормандони милиса

"Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 7 килою 644 грамм маводи нашъадори сахттаъсири ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд",- менависад манбаъ.

Ҳамчунин,дар ин рӯз, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ду нафар мард, сокинони 46 ва 51-солаи ноҳияи мазкур бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карда шуданд, ки аз гумонбаршудагон 216 грамм маводи нашъадори ҳероин дарёфт ва мусодира гардидааст.

Ҳамин тариқ, зимни як чорабинии дигари оперативӣ, дар вақти кофтукови шахсии марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе аз ӯ 1 килою 398 грамм маводи нашъадори афюн дарёфт ва мусодира намудаанд.Дар маҷмӯъ маводи нашъадори мусодирагардида, дар ин рӯз 9 килою 258 граммро ташкил медиҳад.

Нисбати далелҳои зикргардида парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0