Аслов ҷонибдори пайвастани Афғонистон ба СҲШ аст

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкСироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки кишвараш ҷонибдори узвияти комили Афғонистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аст.

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфтааст, ки ҷонибдори иштироки фаъолонаи Афғонистон ва узвияти комили он дар СҲШ аст, менависад Радиои Озодӣ.

Изҳори нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи Афғонистон ва марзи муштарак

Аслов, ки дар маросими таҷлил аз солгарди Рӯзи истиқлоли Афғонистон шоми 18 август дар сафорати он кишвар дар Душанбе суҳбат мекард, ин ҳарфҳоро ироа сохтааст.

"Мо ҳамеша аз мавқеи кишвари дӯст ва ҳамзабони Афғонистон дар чорчӯби созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ пуштибонӣ менамоем", — илова кардааст вазири тоҷик.

Ҷаноби Аслов таъкид кард, Тоҷикистон ба унвони ҳамсояи наздик омодаи кумаку мусоидати лозим барои Афғонистон дар ин замина аст.

"Кишварҳои мо дар таъмини амният, субот ва пешрафти минтақа манфиати ҳаётӣ доранд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дарёфт, ки калиди аслии ҳалли мушкилот ва проблемаҳо ваҳдат ва иттиҳоди матин ва содиқона аст ва мо ҷонибдори тақвияти низоми навини сиёсӣ ва таъмини субот ва амният дар Афғонистон мебошем", — афзудааст вазири хориҷа.

Сироҷиддин Аслов сулҳу амният дар Афғонистонро амнияти пойдор дар минтақа ва ҷаҳон донист.

Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон аз ҳимоят ва кумаку мусоидатҳои ҷониби Тоҷикистон ба унвони як кишвари дӯсту бародар ва ҳамсоя изҳори қадрдонӣ кард ва ба густаришу тақвияти ҳар чӣ бештари ҳамкориҳо бо ин кишвари Осиёи Миёна таъкид намуд.

Изҳори ҷонибдории вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз Афғонистон барои узвияташ дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар ҳолест, ки дар як моҳи пеш, 10 июли соли ҷорӣ, дар шаҳри Уфаи Русия саммит ё иҷлоси раҳбарони СҲШ баргузор гардид ва таҳлилгарон ба ин нукта ишора карданд, ки ин созмон дар талоши тағйири харитаи сиёсии ҷаҳон аст.

Лентаи хабарҳо
0