Дархости Тоҷикистон барои бастани ҳамёни электронии "ҷиҳодиҳо"

© Sputnik / Андрей РудаковТерминали пулсупорӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Терминали пулсупорӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон мустақиман ба маркази “QIWI Wallet”, ки дар Маскав қарор дорад, муроҷиат карда, хостаанд, суратҳисобҳои марбут ба “ҷиҳодиҳо” баста шавад.

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон аз ширкати "QIWI Wallet" ва ё ҳамёни интернетӣ масдуд кардани суртаҳисобҳоеро дархост карданд, ки эҳтимолан барои гурӯҳи "Давлати исломӣ" маблағ ҷамъоварӣ мекунанд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуъотии ВКД ҶТ 24 июли соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: ба исломгароён 519 шаҳрванд пайваста 150 нафар кушта шудаанд

Радио менависад, ин суратҳисобҳо тайи як ҳафтаи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар саҳифаҳои марбут ба тундравҳои тоҷик, ки эҳтимол дар Сурия ва Ироқ қарор доранд, пайдо шуданд. Тундравҳо ба ин васила аз ҷонибдоронашон дар Русия ва Тоҷикистон дархости кумаки молӣ мекарданд.

Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ ба радио гуфтааст, интиқоли пул ба ин суратҳисобҳо таҳқиқ мешавад. Аммо ба гуфтаи ин манбаъи Озодӣ, то ҳол нисбати 4 шаҳрванди Тоҷикистон барои к=маки молӣ ба гурӯҳи ифротии "Давлати исломӣ" бо моддаи 401, банди 1 (зархаридӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст. Ду тани онҳо сокини ноҳияи Ваҳдат будаанд, ки барои сафари даҳ ҷавони тоҷик ба Сурия ва Ироқ кумаки молӣ кардаанд.

Ширкати "QIWI Wallet", ки ба забони русӣ "Киви Кошелек" ном дорад, ҳамёни электрониест, ки асосан барои харидҳои интернетӣ истифода мешавад. Барои боз кардани суратҳисоб дар ин саҳифа танҳо рақами телефони ҳамроҳ кофӣ аст ва гирифтани пули нақд аз ин суратҳисоб низ имконпазир аст.

Мақсуд Саъдуллоев, намояндаи ширкати "QIWI кошелек" дар Душанбе 18-уми август ба радио гуфтааст, мақомоти Тоҷикистон барои бастани ин суратҳисобҳо мустақиман ба маркази ин ширкат, ки дар Русия қарор дорад, муроҷиат кардаанд.

Раҳмон таҳдидҳои даҳсоларо матраҳ кард: хушкӣ, тундгароӣ, рушди аҳолӣ

"Чанд моҳ боз системаи мо дар Тоҷикистон кор намекунад. Аз Тоҷикистон ҳоло на пул гузаронида мешавад ва на пул гирифта мешавад. Он рақамҳое, ки гурӯҳҳои ифротӣ дар саҳифаҳояш гузоштаанд, рақамҳои Русия ҳастанд, аз ин хотир мақомоти Тоҷикистон мустақиман ба он ҷо муроҷиат кардаанд. Дар "QIWI Кошелек" ҳар нафар бо рақами телефонаш суратҳисоб боз карда метавонад ва фаҳмидан мушкил аст, ки кадом муштарӣ ин суратҳисобро ба кадом ҳадаф боз кардааст", — гуфтааст Саъдуллоев.

Барномаи "Киви кошелек" дар терминалҳои пардохтии сарироҳӣ насб шудааст ва пул гузаронидан ба он монанди пур кардани суратҳисоби телефонҳои мобилӣ аст. Аз ин рӯ, ба гуфтаи коршиносон гурӯҳҳои ифротӣ ва фурӯшандагони маводи мухаддир ба хотири ошкор нашудани ҳуввияташон аз ҳамёнҳои интернетӣ, мисли "Yandex Кошелек", "Web Money Кошелек" ва "QIWI Кошелек" истифода мебаранд.

Лентаи хабарҳо
0