https://sputnik-tj.com/20150820/1016475901.html
Инфиҷор дар Қоҳира: 8 нафар ҷароҳат бардоштанд
Инфиҷор дар Қоҳира: 8 нафар ҷароҳат бардоштанд
Субҳи рӯзи панҷшанбе дар наздикии шаҳри Қоҳира маводи мунфаҷира, ки дар дохили худрав насб гардида буд, таркид. Бар асари таркиш чанд тан осеб диданд, ки миёни... 20.08.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-08-20T08:59+0500
2015-08-20T08:59+0500
2021-12-08T14:34+0500
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101647/44/1016474496_0:0:0:0_1920x0_80_0_0_c52f25118f04d1165e4274895a7617c3.jpg
миср
қоҳира
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, дар ҷаҳон, таҳқиқ, ҳамаи хабарҳо, амният ва мудофиа, миср, қоҳира, пулиси миср, раёсати амнияти қоҳира, додгоҳи миср, таркиш дар наздикии пойтахти миср, инфиҷори худрав, пулисҳо захм бардоштанд, 75-солагии ғалаба
Инфиҷор дар Қоҳира: 8 нафар ҷароҳат бардоштанд
08:59 20.08.2015 (Навсозишуда: 14:34 08.12.2021) Субҳи рӯзи панҷшанбе дар наздикии шаҳри Қоҳира маводи мунфаҷира, ки дар дохили худрав насб гардида буд, таркид. Бар асари таркиш чанд тан осеб диданд, ки миёни онҳо кормандони пулис низ ҳастанд.
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Теъдоди ҷабрдидагон дар амалиёти террористии Қоҳира, пойтахти давлати Миср ба 8 нафар расид, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба Рейтер.
Қаблан дар мавриди панҷ осебдида хабар дода буданд.
Таркиш субҳи рӯзи панҷшанбе дар наздикии шаҳри Қоҳира, начандон дуртар аз бинои раёсати амнияти Миср ва додгоҳи кишвар рух дод. Тибқи фарзияҳои пешакӣ, маводи мунфаҷира дар дохили як худрав ба кор даромадааст.
Расонаҳои хабарӣ менависанд, куллияи захмбардоштагон ба бемористонҳо интиқол ёфта, таҳти муроқабати пизишкон қарор доранд. Миёни онҳо кормандони пулис низ ҳастанд.
Дар ҳоли ҳозир ҳеч як аз созмонҳои ифротии минтақа масъулияти таркишро ба зимма нагирифтааст, таҳқиқоти қазия бошад аз ҷониби мақомоти интизомӣ идома дорад.