Инфиҷор дар Қоҳира: 8 нафар ҷароҳат бардоштанд

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкНизомиёни Горди миллӣ ва кормандони пулис. Акс аз бойгонӣ
Низомиёни Горди миллӣ ва кормандони пулис. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Субҳи рӯзи панҷшанбе дар наздикии шаҳри Қоҳира маводи мунфаҷира, ки дар дохили худрав насб гардида буд, таркид. Бар асари таркиш чанд тан осеб диданд, ки миёни онҳо кормандони пулис низ ҳастанд.

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Теъдоди ҷабрдидагон дар амалиёти террористии Қоҳира, пойтахти давлати Миср ба 8 нафар расид, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба Рейтер.

Қаблан дар мавриди панҷ осебдида хабар дода буданд.

Инфиҷор дар Стамбул: ҳафт нафар ҷароҳатҳо бардоштанд

Таркиш субҳи рӯзи панҷшанбе дар наздикии шаҳри Қоҳира, начандон дуртар аз бинои раёсати амнияти Миср ва додгоҳи кишвар рух дод. Тибқи фарзияҳои пешакӣ, маводи мунфаҷира дар дохили як худрав ба кор даромадааст.

Расонаҳои хабарӣ менависанд, куллияи захмбардоштагон ба бемористонҳо интиқол ёфта, таҳти муроқабати пизишкон қарор доранд. Миёни онҳо кормандони пулис низ ҳастанд.

Дар ҳоли ҳозир ҳеч як аз созмонҳои ифротии минтақа масъулияти таркишро ба зимма нагирифтааст, таҳқиқоти қазия бошад аз ҷониби мақомоти интизомӣ идома дорад.  

Лентаи хабарҳо
0