Нахустин парвози зойирини тоҷик ба Ҷидда 29 август сурат мегирад

© Flickr / Citizen59Ҳаҷҷ. Акс аз бойгонӣ
Ҳаҷҷ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи шанбеи охирини моҳи август аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ нахустин гурӯҳи зойирини тоҷик парвоз хоҳанд кард. Қиммати сафари Ҳаҷҷ дар соли ҷорӣ ҳудуди 3,5 ҳазор доллар барои як нафар аст.

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Гурӯҳи нахустини зойирини тоҷик аз Тоҷикистон ба Ҷидда тавассути ҳавопаймои ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" 29 август парвоз хоҳад кард, менависад хабаргузории "Авеста" бо истинод ба Кумитаи дини Тоҷикистон.

Раҳбари бахши равобити хориҷӣ ва ҳаҷҷи Кумитаи умури дин ва танзими маросим Абдуҷалол Ализода зикр кард, ки рӯзи шанбеи оянда нахустин гурӯҳи зойиронро ба Ҷидда ширкати "Сомон Эйр" мунтақил хоҳад кард. Бо ҳавопаймоҳои ин ширкат 50% зойирон парвоз карда теъдоди

Ҳаҷҷ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Барои сафари Ҳаҷҷ афроди болиғ бар 35 сол “авлавият” хоҳанд дошт
боқимондаро ширкати ҳавоии арабии Flynas мунтақил мекунад.

Парвозҳо аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд сурат мегиранд. Куллияи зойирин то 15 октябр ба ватан бармегарданд.

Ба Тоҷикистон дар соли ҷорӣ барои сафари Ҳаҷҷ ҳудуди 6 ҳазор ҷой ихтисос шудааст. Қиммати сафари як нафар ба Арабистони Саъудӣ 22,9 ҳазор сомонӣ (ҳудуди $3500) муқаррар шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала