Варзишгарони ҷавони ИДМ барои олимпиада вориди Душанбе мешаванд

© Sputnik StringerБинои шаҳрдории Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Бинои шаҳрдории Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Варзишгарони ҷавон аз ҳашт кишвари ИДМ дар пойтахти Тоҷикистон барои ширкат дар нахустин олимпиада гирдиҳам меоянд. Дар барномаи мусобиқот имтиҳон дар бораи таърихи Олимпиада ва варзиш аз рӯйи панҷ намуд ҳастанд.

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Нахустин олимпиадаи байналмиллалии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ аз 24 то 29 августи соли 2015 дар Душанбе баргузор мешавад, менависад ОИ "Авеста" бо истинод ба сухангӯйи Кумитаи миллии олимпӣ Умед Юсупов.

"Дар мусобиқот варзишгарони ҷавони аз 18 то 25 сола аз ҳашт кишвари Иттиҳод (Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Украина ва Ӯзбекистон) ширкат мекунанд", — гуфт вай ба хабаргузорӣ.

Ба барномаи олимпиада шомил шудаанд: санҷишот (230 савол) дар бораи таърихи ҷунбиши олимпиада аз замони қадим то муосир ва мусобиқот аз рӯйи панҷ намуд: давидан ба 100 метр, давидан ба 1000 метр, ҷаҳиш ба дурӣ, қадкашӣ (барои писарҷавонон), худро аз курсӣ дур кашидан (бонувон) ва машқҳои тақвияти мушакҳои шикам.

Ба ғолибони олимпиада дар ҷудоӣ ва тимӣ нишонҳо ва ҷавоизи хотиравӣ тақдим мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала