Ҳафт масъули ВКД дар Амрико давраи омӯзиширо хатм карданд

© SputnikБинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Вашингтон милисаҳои тоҷик бо намояндагони расмии Идораи байналмиллалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL), Идораи мубориза бо терроризм (CT) ва Академияи Бюрои Федералии тафтишот мулоқот доштанд.

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Ҳафт нафар аз кормандони масъули вазорати умури дохилаи Тоҷикистон давраи омӯзишии панҷрӯзаро дар Амрико сипарӣ карданд, омадааст дар иттилоъияи Сафорати ИМА дар ҶТ, ки рӯзи 20 август ба нашр расидааст.

Парчами ИМА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сафорати ИМА: Кормандони ВКД ва АНМН давраи омӯзиширо хатм карданд

Ба қавли манбаъ, дар ҷараёни ин сафар кормандони милисаи тоҷик дар шаҳрҳои Вашингтон ва Бостони аёлати Массачусетс дар робита ба усулҳои анъанавии ҳифзи тартиботи ҳуқуқ аз тариқи ҷилавгирии ҷиноят, вокуниш ба зуроварӣ дар оила, ифротгароии хушунатомез, тундгароӣ, баробарҳуқуқии ҷинсӣ ҳангоми қабул ба кор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастури муносиб гирифтанд.

Дар Вашингтон онҳо бо намояндагони расмии Идораи байналмиллалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL), Идораи мубориза бо терроризм (CT), Вазорати адлияи ИМА, Вазорати бехатарии миллии ИМА, Дафтари полиси минтақавии Чарлз ва Академияи Бюрои Федералии тафтишот мулоқот доштанд.

Гуфтанист, ИМА аз соли 1992 ба ин сӯ тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои пуштибонии ниҳодҳои демократӣ, беҳдошт, маориф ва рушди иқтисоди Тоҷикистон беш аз 1 миллиард доллар ҷудо кардааст.

Лентаи хабарҳо
0