Кӯлоб: ду нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд

© пресс-служба МЧС КРСадамаи нақлиётӣ дар ҷоддаи Бишкек-Ӯш
Садамаи нақлиётӣ дар ҷоддаи Бишкек-Ӯш - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои минтақаи Кӯлоб боиси марги ду нафар ва ҷароҳат бардоштани чанд каси дигар гардиданд.

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik.Тайи ду рӯзи гузашта дар роҳҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ду ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд расида, ду нафар ҳалок шудаанд, иттилоъ медиҳад сомонаи ВКД ҶТ.

Роҳи кӯҳӣ дар Бадахшон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тайи се рӯз дар Бадахшон аснои садамаҳо 14 нафар ҳалок шудаанд

Ба иттилоъи манбаъ, рӯзи чаҳоршанбе, ронандаи 24-солаи нақлиёти тамғаи "Опел Астра", сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Восеъ ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди маҳаллаи Нонбойи поён бехтарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавонистааст.

"Дар натиҷа, духтарчаи 1-сола, писарчаи 5-сола ва ноболиғи 15-сола, истиқоматкунандагони шаҳри Кӯлобро пахш намудааст, ки ноболиғи 15-сола аснои интиқол ба беморхона фавтидааст",- менависад манбаъ.

Рӯзи панҷшанбе бошад, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел Астра", марди 54-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ" аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар канори рости роҳ чаппа шудааст. Дар пайи садма зани 47-сола, сокини шаҳри Кӯлоб ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 

 

Лентаи хабарҳо
0