Расонаҳо: дар Юнон таъсиси ҳукуматро ба ростгароён пешниҳод мекунанд

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ахиран раиси собиқи ҳукумати Юнон Алексис Тсипрас дар бораи истеъфои ҳукумати худ ва интихоботи қабл аз мӯҳлат эълом кард.

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Раиси ҷумҳури Юнон Прокопис Павлопулос рӯзи ҷумъа ба раҳбари ҳизби ростгарои марказнишини "Демократияи навин" Вангелис Меймаракис ба далели истеъфои ҳукумати Алексис Тсипрас таъсиси ҳукумати ҷадидро пешниҳод мекунад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хабаргузории Афина.

Рӯзи панҷшанбе Тсипрас дар бораи истеъфои ҳукумати худ ва баргузории интихоботи ҷадид хабар дод.

Тибқи муқаррароти қавонин ҳукумати муваққатӣ то баргузории интихоботи ҷадиди порлумониро бояд яке аз раҳбарони се додгоҳи олии Юнон бар дӯш бигирад.

Интизор меравад барои бори нахуст дар таърихи Юнон нахуствазир аз ҷумлаи бонувон мешавад — раиси Ареопаг (додгоҳи олӣ) Василики Тану-Христофилу. Аммо қабл аз эъломи интихоботи порлумонӣ раиси ҷумҳур метавонад ба руасои аҳзоби дигар пешниҳод кунад, ки барои таъсиси ҳукумати дорои пуштибонии порлумон талош бикунанд.

Тибқи иттилоъи хабаргузорӣ рӯзи ҷумъа соати даҳи субҳ Меймаракис бо Павлопулос дидор мекунад, то барои таъиси ҳукумат иҷоза бигирад.
Ин дар ҳолест, ки "Демократияи навин" барои таъсиси ҳукумати худ имкон надорад — ин ҳизб якҷо бо шарикони эҳтимолии худ аз ҳизбҳои ПАСОК ва "Потами" ("Рӯдхона") қодир нестанд дар порлумон 151 раъй дарёфт кунанд.

Раиси собиқи порлумон Вангелис Меймаракис муваққатан ҳизби ростгарои "Демократияи навин"-ро баъд аз истеъфои раҳбари он ва нахуствазири пешин Антонис Самарас раҳбарӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0