Дилшод Назаров соҳиби медали нуқра ва 30.000$ гардид

© AP / Lee Jin-manДилшод Назаров барои нахустин бор дар сабқати ҷаҳонӣ нишони нуқра ба даст овард
Дилшод Назаров барои нахустин бор дар сабқати ҷаҳонӣ нишони нуқра ба даст овард - Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳоли ҳозир Дилшод Назаров аз нахустин варзишгарони Тоҷикистон аст, ки ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст.

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар даври ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гурзандозӣ, ки 23 август дар Пекин баргузор шуд, барои ишғоли ҷойи дувум бо медали нуқра ва 30 ҳазор доллар сарфароз гашт, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.

"Дилшод Назаров  дар сабқати ниҳоии гурзандозӣ миёни мардон дар байни 12 гурзандозҳои зӯртарини ҷаҳон бо натиҷаи 78 метру 55 сантиметр ҷои дувумро аз они худ кард. Ӯ барои аввалин бор дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ба чунин комёбӣ мушарраф шуда, соҳиби медал гардидааст",- менависад манбаъ.

Дилшод Назаров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дилшод Назаров пирӯзи сабқати байналмиллалӣ дар Шветсия шуд

Ба навиштаи манбаъ, Павел Файдек (Лаҳистон) бо натиҷаи 80,88 метр қаҳрамони ҷаҳон шуд ва бо медали тилло ва 60 ҳазор доллар сарфароз гашт. Войсех Новитски (Лаҳистон) бо натиҷаи 78.55 метр дар ҷои севум қарор гирифт ва бо медали биринҷиву 20 ҳазор доллар мукофотонида шуд.

Дар ҳоли ҳозир Дилшод Назаров аз нахустин варзишгарони Тоҷикистон аст, ки ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Вай моҳи майи соли ҷорӣ дар мусобиқаи анъанавии ҷаҳонии силсилаи Гран-При "Оstrava golden spike" оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79,36 метр мақоми дувумро касб кард. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекин ва дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро ширкат варзад. Олимпиадаи соли 2016 барои Дилшод Назаров чаҳорумин Бозиҳои олимпӣ хоҳад шуд.

Дилшод Назарови 33-сола шарафи Тоҷикистонро дар се Олимпиадаи ахири тобистона — соли 2004 дар Афина, соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон — ҳимоят кардааст. Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80 метру 71 сантиметр мебошад. 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала