Изҳороти БМТ дар бораи қурби пули миллӣ ва тенгеи қазоқӣ

© SputnikБинои Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳар як давлати соҳибистиқлол сиёсати пулию қарзӣ ва асъории худро дорад ва барои ҳимояи манфиатҳои сирф миллияш бо назардошти хусусиятҳои фарқкунандаи ин ё он минтақа ва мамлакат сиёсати хоси асъории худро дар амал татбиқ менамояд.

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Тайи ду рӯзи охир сомонаҳои иттилоотии ҷумҳурӣ   гузоришҳои мухталифе ба нашр расиданд, ки дар пасманзари аз сиёсати шинокунандаи танзимшаванда ба сиёсати шинокунандаи озод гузаронидани қурби тенге аз ҷониби мақомоти Қазоқистон ва дар муддати як шабонарӯз ба андозаи бештар аз 30 фоиз коҳиш ёфтани қурби пули миллии он, гӯё дар бозори асъори нақди Тоҷикистон ба истилоҳ "асабоният" ва "нофаҳмиҳо" ба миён омадааст, менависад сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон.

Ба атбоъи Қазоқистон хисорот аз пасандозҳоро бо танга ҷуброн мекунанд

"Ҳар як давлати соҳибистиқлол сиёсати пулию қарзӣ ва асъории худро дорад ва барои ҳимояи манфиатҳои сирф миллияш бо назардошти хусусиятҳои фарқкунандаи ин ё он минтақа ва мамлакат сиёсати хоси асъории худро дар амал татбиқ менамояд",- омадааст дар баёнияи иттлоотии мазкур.

Ба қавли манбаъ, дар рӯзҳои охир вазъи қурби юани Чин, рубли русӣ ва бархе аз асъорҳои дигари дунё ба тағйироти бозори асъор рӯ ба рӯ шуда, дар баробари доллари ИМА арзиши онҳо низ поин рафт.

"Аз ин рӯ Қазоқистон истисно шуда наметавонад, зеро масъулини бахши молиявӣ ва бонкии ин кишвар яқин медонистанд, ки баъди ба сиёсати шинокунандаи озод гузаронидани тенге, қурби он ба андозаи назаррас коҳиш хоҳад ёфт",-қайд мекунад БМТ.

Зимнан, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон изҳор менамояд, ки ҳамарӯза вазъияти бозор таҳти назорат қарор дорад. Дар пойтахт ва минтақаҳои ҷумҳурӣ тавассути шӯъбаҳои худ дар шаҳру вилоятҳо дар доираи ваколатҳои худ фаъолияти бозори асъоро ба танзим дароварда, талаботи онро бо асъори хориҷӣ таъмин намуда истодааст ва дар айни замон барои воҳимаю ҳангома кардан дар атрофи ин масъала ягон асос ва замина вуҷуд надорад. Чун ҷумҳурии мо бо Қазоқистон бо асъори хориҷӣ, яъне бо доллари ИМА доду гирифт менамояд, коҳиш ёфтани қурби тенге ба қурби сомонӣ, ба андешаи мо, таъсири чашмрас нахоҳад дошт.

Bloomberg уфти сомонӣ, сом ва манатро пешбинӣ мекунад

"Қайд кардан ба маврид аст, ки ба санаи 1 августи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 1484 нуқтаи мубодилаи асъор ва 1825 нуқтаҳои хизматрасонии интиқоли пулӣ ва марказҳои хизматрасонии бонкии ташкилотҳои қарзӣ мавҷуд аст ва ҳамаи онҳо фаъолият доранд ва ҳамарӯза амалиётҳои табодули асъорро анҷом медиҳанд",- мегӯянд масъулини ин ниҳоди танзимкунандаи сиёсати молияви Тоҷикистон.

Созишномае, ки дар назар аст Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки халқии Чин оид ба ҷалби маблағҳои қарзӣ дар рӯзҳои наздик ба имзо расонад, метавонад талаботи бозори асъори ҷумҳуриро ба доллари ИМА кам намояд ва фишори қурбиро ба пули миллӣ коҳиш дода, муътадилӣ ва устувории онро нигоҳ дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0