“Кафгири тиллоӣ” насиби ошпаз аз Қӯрғонтеппа шуд

© Sputnik"Кафгири тиллоӣ" насиби шаҳри Қӯрғонтеппа гардид
Кафгири тиллоӣ насиби шаҳри Қӯрғонтеппа гардид - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон дар даври ниҳойии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии "Оши палов" олитарин ҷоиза -- "Кафгири тилоӣ"-ро соҳиб шуд.

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. "Кафгири тилоӣ" баландтарин ҷоизаи ҷашнвораи ҷумҳуриявии "Оши палав" ба Карим Ҳалимов, сарошпази ошхонаи Бозори «Фаровон»-и Қӯрғонтеппа супурда шуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории Озодагон.

Номинатсияи "Ошпази беҳтарин"-ро шаҳри Хуҷанд ба худ ихтисос дод. Дар бахши "Дастони моҳир" — Алишер Файзиев ва дар бахши "Ороиши дастархони беҳтарин" Отабек Бобоқулов (ноҳияи Шоҳмансур) ғолиб эълон шуданд.

Палав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ошпази тоҷик деги “сеҳрнок” ихтироъ кард

"Дар бахши "Сурудҳои ҳаҷвӣ" шаҳри Роғун, дар бахши "Ҳаҷвнигорӣ" ноҳияи Файзобод ва дар бахши "Рақси ошпаз" шаҳри Хуҷанд ғолиб дониста шуданд",- меафзояд манбаъ.

Даври ниҳойии ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии "Оши палав" дар Душанбе баргузор шуд. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, баъди анҷоми даври аввали ин фестивал-озмун 32 ноҳия ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.

Ба гуфти масъулини Вазорати фарҳанг, ҳадаф аз баргузории Фестивал-озмун тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ буда, воситаи хубе барои ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, тарбияти фарҳанги ошпазӣ ва такмили маҳорати касбии ошпазҳо ба шумор меравад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала