Хатмкунандагони “Литсейи Раҳнамо” 100% ба донишгоҳҳо шомил гардиданд

© SputnikБинои Вазорати маориф ва илми ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Бинои Вазорати маориф ва илми ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Низоми байналмилалии баҳогузорӣ боиси 100% ба мактабҳои олӣ дохил шудани куллияи хатмкунандагони “Литсейи Раҳнамо” гаштааст.

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Аз 42 нафар хатмкунандаи "Литсейи Раҳнамо"  9 нафар ба донишгоҳҳои олии Русия, 12 нафар ба факултаҳои серталаботи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (аз ҷумла, 3 нафар ба факултаи ҳуқуқшиносӣ), 5 нафар ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, 3 нафар ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва бақия низ ба мактабҳои олии бонуфузи кишвар роҳ ёфтаанд, иттилоъ медиҳад ОИ Tojnews.

Гуфта мешавад, тибқи меъёри баҳогузории байналмилалӣ дар ин даргоҳи илм 80 хол барои дониш, 10 хол барои ахлоқ, 10 хол барои давомоти хонандагон гузошта мешавад.

Омӯзгори мактаби миёна аснои дарс. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар мактабҳои Тоҷикистон баҳогузорӣ ба дониши хонандагон тағйир меёбад

Бо дастури Вазорати маориф ва илми ҶТ таҳсил дар "Литсейи Раҳнамо" пурра ба низоми байналмилалии баҳогузорӣ гузаронида шудааст ва ду соли таҳсил бо ин низом натиҷаҳои назаррас додааст. Дар ин низом ҳар хонанда дар ҳар дарс барои дониш дар маҷмӯъ 80 хол ва барои давомот ва ахлоқ дар маҷмӯъ 20 (10+10) хол гирифта метавонанд. Баҳо барои ҳар як хонанда ва волидайн пурра шаффоф буда, ҳар як холи бадастомада асоснок аст.

Манбаъ меафзояд, масалан, 80 холи дониш "зарра-зарра" аз холҳои вазифаи хонагӣ, иҷрои кори синфӣ, фаъолият дар дарс, имтиҳонҳои мустақили тестӣ ва ғайра ҳосил мешавад.   Коршиносони соҳа бар инанд, ки дар ин низом «хонанда худ муаллифи баҳои худ мебошад..

Лентаи хабарҳо
0