Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Думаи ФР: "Порошенко вуруди силоҳи Русия ба Донбассро таъйид кунад"

Раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко қаблан изҳор дошта буд, ки гӯиё Русия ба ҷудоихоҳони Донбасс то 500 адад танк, то 950 адад зиреҳпӯшҳо ва то 400 адад тӯпҳо ироъа кардааст.

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко муваззаф аст далоили дақиқи мавориди вуруди 500 танки русӣ ва васоили дигари ҷангӣ ба Донбассро таъйид созад, изҳор дошт узви кумитаи дифоъи Думои давлатӣ Франтс Клинтсевич (РВ).

Порошенко қаблан изҳор дошта буд, ки гӯиё Русия ба ҷудоихоҳони Донбасс то 500 адад танк, то 950 адад зиреҳпӯшҳо ва то 400 адад тӯпҳо ироъа кардааст.

"Порошенко дар асл наметавонад тасаввур кунад, ки 500 адад танк чӣ миқдор аст. Аз кайҳон дар Ҷанубу Шарқ ҳатто навиштаҷоти рӯи қуттии гӯгирдро хондан мумкин аст. Фикр мекунед феълан ҷаҳон дар пайҳи ошкор кардани чанги ҳамлу нақли васоили ҷангӣ шӯру ғавғо намекард?" — гуфт Клинтсевич.

Петр Порошенко аз воҳиди низомии Гвардияи миллӣ дар наздикии Киев дидан кард. - Sputnik Тоҷикистон
Порошенко: дар марз теъдоди “бузург"-и низомиёни рус қарор доранд

"Вай охир раиси ҷумҳур аст ва қодир аст, ки ҳоло далоили дақиқе ироъа кунад", — изофа кард вакили порлумони Русия. Ба гуфтаи Клинтсевич раванди бадномсозии Русия ва ташаннуҷи увзоъ ҳамчунон идома доранд.

Мақомоти Украина ва кишварҳои Ғарбӣ борҳо Русияро дар мудохила дар умури дохилии Украина муттаҳам карда буданд. Русия чунин иддаъоро радд карда онҳоро ғайри қобили қабул медонад. Москав борҳо изҳор дошт, ки ҷониби даргири дохилии Украина нест ва ба ҳаводиси шарқи Украина рабте надорад ва алоқаманд аст, ки ин кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ берун ояд.

Аз ҷумла вазорати дифоъи Русия мукарраран хабар дода буд, ки ба ҷудоихоҳон васоили фаннии низомӣ, таслиҳот ва кӯмакҳои дигар ироъа намекунад. Изҳороти мушобеҳи Киевро дар ин замина вазорати дифоъ "хушку холӣ" ва "бидуни мантиқ" унвон карда буд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфта буд, ки изҳори назар дар бораи ҳузури низомиёни рус дар Донбасс бидуни таъйид мебошанд: бо вуҷуди иттиҳомоти мукаррар то ҳол ҳеҷ кас далоили дақиқе наметавонд ироъа кунад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала