Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Фармондеҳи аршади неруҳои марказии ИМА ба Душанбе меояд

Дар ҷараёни боздиди худ аз Тоҷикистон мулоқоти генерали амрикоӣ Ллойд бо президент Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Фармондеҳи қувваҳои марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Генерал Ллойд Дж. Остин III барои анҷоми як сафари корӣ ба Душанбе меояд, менависад СА-News.

Cафари кории ин генерали амрикоӣ ба кишвар рӯзи 26 август оғоз шуда, то ду рӯзи дигар идома хоҳад ёфт.

Қарор аст, генерал Ллойд Дж. Остин III дар ҷараёни ин сафари худ ба Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар мулоқот карда, масоили марбут ба ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи низомӣ ва амнияти минтақаро баррасӣ кунанд.

Боздиди қаблии фармондеҳи қувваҳои марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Тоҷикистон 30 июли соли 2013 сурат гирифта буд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала