Номаи Эмомалӣ Раҳмон ба Пётр Порошенко

© Sputnik Амир ИсаевЭмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бо кӯшишҳои якҷоя ҳамгироии дуҷониба ва ҳамкории созандаи миёни ду давлат рушди нав касб мекунанд. Омодагии моро барои истифодаи тамоми кӯшишҳо дар роҳи густариши онҳо ба манфиати давлат ва халқҳоямон изҳор медорам.

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Райисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи душанбе дар иртибот ба ҷашни истиқлоли Украина унвонии президенти он кишвар Пётр Порошенко барқияи табрикотӣ ирсол дошт, менависад Хадамоти матбуотии сарвари давлат.

Номаи Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Фаронса

"Солгарди ҷашни миллии Украина — Рӯзи истиқлолият ба ман имкони гуворо фароҳам овард, ки ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти кишваратон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтаринро ирсол дорам",-омадааст дар номаи шодбошӣ.

Тоҷикистон дар такони ҷиддӣ бахшидан ба муносибатҳои дӯстонаи анъанавии бисёрсола, ки миёни ду давлат ва халқҳо мавҷуданд, ҳавасманд аст.

Ҳамзамон қайд шудааст, ки бо кӯшишҳои якҷоя ҳамгироии дуҷониба ва ҳамкории созандаи миёни ду давлат рушди нав касб мекунанд.

Дар поёни барқияи табрикотӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои украиниаш ва мардуми он кишвар саломатӣ, комёбӣ ва сулҳу шукуфоиро таманно кардааст.  

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала