Истиқболи раиси ҲСТ аз протоколи ҳукумат

© Sputnik / Амир ИсаевПули миллии Тоҷикистон- сомонӣ
Пули миллии Тоҷикистон- сомонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдуҳалим Ғаффоров афзудааст, ҳарчанд ин амали ҳукумати Тоҷикистон барои бархеҳо сода менамояд, вале боиси сарфаҷӯии маблағҳои зиёде хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Абдуҳалим Ғаффоров, вакили парлумон ва раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон аз имзои протокол барои худдории хароҷоти дуюмдараҷа дар вазорату идораҳои давлатии кишвар истиқбол карда, онро дар давраи буҳронӣ манфиатовар хонд, менависад "Озодагон".

Бинои ҳукумати Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумат аз вазоратҳо хост, сарфакор бошанд

"Ин иқдом барои ғанӣ гардонидани буҷаи давлат манфиатовар буда, дар мавриди беҳтар гардонидани зиндагии нафақахурон, оилаҳои камбизоату маъюбон ва донишҷӯён кумак хоҳад кард", — гуфтааст Ғаффоров.

Вай афзудааст, ҳарчанд ин амали ҳукумати Тоҷикистон барои бархеҳо сода менамояд, вале боиси сарфаҷӯии маблағҳои зиёде хоҳад шуд.

Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон таъкид кардааст, дар давраи буҳронӣ бояд ҳатто аз хариди мизу курсиҳои гаронарзиш низ дар идораҳои давлатӣ худдорӣ шавад.

"Шарт нест мо паси мизу курсиҳои хеле воло нишаста кор кунем. Корро болои курсии одӣ ҳам нишаста, иҷро карда мешавад", — илова кардааст раиси ҲСТ.

Мӯйсафеде дар боғи Душанбе пули худро меҳисобад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати молия: эҳтимол дорад афзоиши маош дар кишвар ба таъхир афтад

Ба гуфтаи Ғаффоров, иқдоми ҳукумати Тоҷикистон дар вазъияти буҳронӣ бояд хеле барвақтар гирифта мешуд.

"Ин масъала хеле дер, тақрибан шаш — ҳафт моҳ баъдтар гирифта шуд. Албатта, иқдоми мазкур пештар дар назар буд, вале ҳамчун санаде, ки онро пурра фарогир бошад, мутаассифона дер ба имзо расид", —  баён доштааст раиси ҲСТ.

Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи барномаҳои зидди буҳронии худ протоколеро ба имзо расонид, ки тибқи он вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шудаанд, маблағҳои буҷети давлатиро сарфаҷӯёна истифода баранд.

Тибқи иттилои масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон, ин протокол бо назардошти буҳрони молиявӣ таҳия шуда, дар он таъкид мешавад, ки "ҷиҳати таъмини хароҷоти самараноки маблағҳои буҷети давлатӣ, пешгирӣ намудани хароҷоти дуюмдараҷа барои хоҷагидорӣ ва истифодаи воситаҳои нақлиётии хизматӣ, сарфаю сариштакорӣ роҳ надодан ва исрофкорӣ мунтазам чораандеши намоянд".

Лентаи хабарҳо
0