Мағлубияти се варзишгари тоҷик дар қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон дар Остона

Обуна шудан
Ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба гуштигироне, ки барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия талош доранд, имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро пурра намоянд.

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Се варзишгари тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон, ки дар Остонаи Қазоқистон ҷараён дорад, аз ҳаққи идомаи мубориза барои ҷоизаҳо маҳрум гаштанд, менависад сомонаи Кумитаи миллии олимпӣ.

Ба иттилоъи манбаъ, гуштигири тоҷик Умед Абдураҳимов рӯзи 25 август дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило дар нахустин қувваозмоияш аз Марко Викисевич (Сербия) мағлуб гардида, як рӯз баъд боз ду намояндаи Тоҷикистон Кароматулло Ҳакимов ва Шӯҳратҷони Фархизода ба нокомӣ дучор шуданд.

Варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон дар Остона

Ба дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон дар ин мусобиқа, ки то рӯзи 30 август идома меёбад, ҳашт варзишгар  — Умед Абдураҳимов, Кароматулло Ҳакимов, Шӯҳратҷони Фархизода, Фарҳод Раҳимов, Саидҷамол Алимардонов (ҳарду дар вазни 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг), Саидҷалол Саидов (100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) шомиланд.

Рақибони паҳлавонони дигари тоҷик дар даври муқаддамотӣ инҳоанд: 27 август — Саидҷамол Алимардонов — Свейнбҷом Иура (Исландия), Фарҳод Раҳимов — Травис Стевенс (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), 28 август — Комроншоҳи Устопириён — Каролис Бауза (Литва), 29 август — Саидҷалол Саидов — Герго Фогасу (Маҷористон) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов — Ислом Ал-Шаҳобӣ (Миср).

Дар ин мусобиқа 729 гуштигир (432 мард ва 297 зан) барои 14 маҷмӯи медалҳо дар сабқати инфиродӣ байни мардону занон, инчунин барои ду маҷмӯи ҷоизаҳо дар сабқати дастаӣ мубориза мебаранд.

Баъди натиҷагирии ду рӯзи мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ Ҷопон бо касби 4 медал (1тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар ҷойи аввал, Қазоқистон бо 2 медал (1-1-0) дар ҷойи дувум ва Кореяи Ҷанубӣ бо 3 медал (1-0-2) дар ҷойи севум қарор доранд.

Ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба гуштигироне, ки барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия талош доранд, имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро пурра намоянд.  

Лентаи хабарҳо
0