Сафари ҳайати Русия бо раҳбарии Матвиенко ба Ню-Йорк лағв шуд

Ба қавли масъулини Вазорати умури хориҷии Русия, баъзе аз маҳдудиятҳои ҷузъӣ иштироки расии палатаи болоии парлумони Русияро дар ҳамоиши мазкур ғайриимкон намудааст.

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Ба рахбари Шӯрои федеролии Русия баъд аз таъхиркориҳо билохира визо ва ё раводиди сафари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дода шуд. Аммо баъзе аз махдудиятхо боиси иштирок накардани ӯ дар конфренсияи Иттиҳоди байнипарлумонӣ гардид.

Ба қавли масъулини Вазорати умури хориҷии Русия, баъзе аз маҳдудиятҳои ҷузъӣ иштироки расии палатаи болоии парлумони Русияро дар ҳамоиши мазкур ғайриимкон намудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз Шӯрои федеролии Русия низ хабар доданд, ки ҳамроҳ бо хонум Матвиенко аъзои дигари ҳайат низ ба ИМА сафар нахоҳанд кард. Ин дар ҳолест, ки ибтидои моҳи июни соли равон хабари даъват шудани раҳбари Шӯрои федеролии Русия ба конфронси Иттиҳоди байнипарлумонӣ дар Ню-Йорк нашр шуда, худи ӯ низ гуфт, барои дарёфти визои ИМА ба хотири иштирок дар ин конфронс муроҷиат кардааст. Вале посухи манфӣ гирифтани худ ба ин муроҷиаташро аз эҳтимол дур намедонист.

Мақомоти ИМА номи раҳбари Шӯрои федеролии Русияро низ ба рӯйхати таҳримҳои худ ворид кардаанд, ки бар асоси он ӯ аз хаққи вуруд ба қаламрави ин кишвар маҳрум шуда, тамоми дорои ва амволаш ҳам масдуд хоҳанд шуд.

Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Русия, мақомоти ИМА дар баробари додани визо ба хонум Матвиенко низ бархе аз маҳдудиятҳоро хам дар ҷараёни боздидаш аз шаҳри Ню-Йорк ҷорӣ кардаанд. Аз ҷумла, раҳбари Шӯрои федеролӣ наметавонад, ҳангоми ҳузури худ дар ИМА дар баъзе аз вохӯриҳо ва чорабиниҳои Иттиҳоди байниепарлумонӣ иштирок кунад: "Ин шартҳо сафари ҳайати қонунгузории Русия ба раҳбарии Матвиенко ба Ню-Йоркро имконнопазир гардонид".

Масъулини Вазорати умури хориҷии Русия низ таъкид карданд, ки мақомоти ИМА бо додани ин гуна визо ба раҳбари Шурои федеролӣ қавонини байналмилалиро нақз карданд, зеро ин амали онҳо хилофи тааҳҳудоти кишварест, ки баргузории як конфронси бузурги ҷаҳониро ба ӯҳда гирифтааст.

"Ин иқдоми мақомоти амрикоӣ, ки монеъи иштироки раҳбари Шӯрои федеролии Русия дар як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ дар шаҳри Ню-Йорк, аз ҷумла дар конфронси ҷахонии раҳбарони парлумонҳо ва мулоқоти раҳбарони парлумонҳое, ки онхоро занон идора мекунад, гардид, бо нигаронӣ пазируфта шуд",-меафзоянд дар Вазорати умури хориҷа.

Инчунин таъкид шудааст, ки ин иқдоми мақомоти ИМА комилан муғойири қавонини байналмилалӣ аст.  

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала