Раиси ширкати “Барқи тоҷик” иваз шуд

© Sputnik Амир ИсаевБинои ширкати "Барқи тоҷик"
Бинои ширкати Барқи тоҷик - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Раҳматзода, ки аз моҳи июли соли 2014 то кунун раисии “Барқи тоҷик”-ро бар душ дошт, 26 август аз ин мақом сабукдуш шуд

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Бо фармони президенти Тоҷикистон 26 август раиси ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" Рустам Раҳматзода аз мақомаш сабукдӯш шуда, ба мақоми муовини якуми раиси вилояти Суғд таъйин гардид, менависад сомонаи президент.

Бинои Барқи тоҷик - Sputnik Тоҷикистон
Қарзи "Барқи тоҷик" аз "Сангтӯда-1" бештар аз 454 миллион сомонӣ шуд

Ба ҷои ӯ дар мақоми раиси "Барқи тоҷик" Мирзо Исмоиловро таъин кардаанд.

Ҳамчунин, бо фармонҳои дигари раисҷумҳур ва қарорҳои Ҳукумати кишвар як қатор тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Аз ҷумла, Алиҷон Ғуломов аз вазифаи раиси суди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ бинобар нисбати ӯ бароварда шудани ҳукми айбдоркунии суд ва эътибори қонунӣ пайдо кардани он озод шудааст.

Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн аз вазифаи муовини якуми раиси суди вилояти Суғд озод гардид. Ваколати судяи суди вилояти Суғд Қурбонова Фирӯза Тӯхтабоевна бинобар вафоташ қатъ карда шуд. Зокир Нозирӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо хоҳиши худ озод шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала