ММТ: тақсимоти такрории довталабон ба донишгоҳҳо сурат мегирад

Маркази миллии тестӣ соли дувум аст, ки роҳандозӣ шудааст. Ба бовари мақомот, ин марказ метавонад пеши роҳи фасод ҳангоми ворид шудан ба макотиби олиро бигирад.

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон тақсимоти такрории довталабонеро, ки дар озмуни гузариш ба донишгоҳҳо роҳҳат нагирифта буданд, анҷом медиҳад, навиштааст Радиои Озодӣ.

Рафти имтиҳон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Маркази миллии тестӣ мизбони Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ

"Ҳукумати Тоҷикистон ба Маркази миллии тестӣ иҷозат додааст, то тақсимоти такрорӣ барои 15 ҳазор довталабе, ки холи гузаришро ба даст оварда буданд, аммо дар озмуни тақсимот роҳҳат нагирифтаанд, анҷом диҳад", — гутааст Маҳмадалӣ Раҳмонов, муовини раиси Маркази миллии тестӣ.

Тақсимоти такрорӣ аз 29 август шурӯъ шуда ва ба муддати се рӯз идома пайдо мекунад. Ҷаноби Раҳмонов афзудааст, тақсимоти такрорӣ дар 12 нуқтаи ба қайдгирӣ дар қаламрави кишвар, аз ҷумла 4 нуқта дар Душанбе, 5 дар Хатлон, 2 дар Суғд, 1 дар Бадахшон довталабонро дар доираи балли гирифтаашон тақсимот хоҳанд кард.

"Онҳое, ки балли зиёдтар гирифтаанд, ҳатман донишҷӯ хоҳанд шуд, аммо онҳое, ки балли камтар гирифтанд, наметавонанд донишҷӯ шаванд", — илова кардааст муовини раиси ММТ.

Ин марказ соли дувуми аст, ки фаъолият мекунад. Мақомот бовар доранд, ки баъди роҳандозии марказ сатҳи коррупсия ҳангоми шомил шудан ба макотиби олии кишвар кам шудааст. Аммо довталабон ва волидайни онҳо мегӯянд, тақсими курсиҳои донишҷӯӣ на аз рӯи шумори холҳо ва одилона ба роҳ монда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала