БМТ: сомонӣ дар ду ҳафтаи ахир 2,1% арзиши худро аз даст дод

Беқурбшавии пули миллии кишварҳои шарики тиҷоратии Тоҷикистон Бонки миллии кишвар далоили уфти пули милли кишвар унвон кард. Бонки миллӣ умедвор аст, ки дар оянда қурби сомонӣ тақвият хоҳад ёфт.

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Беқурбшавии сомонӣ нисбати доллари ИМА аз 10 август то ҳол 2,1% шудааст, хабар медиҳад сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ).

Дар ду ҳафтаи ахир беқурбшавии рубли русӣ ба 12%, тенгеи Қазоқистон ба 22%, лираи туркӣ ба 5%, юани чинӣ ба 3% ва рубли Белорус ба 7% мушоҳида шудааст.

Доллари ИМА ва арзи миллии ҶТ- сомонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Болоравии қурби доллар нисбати сомонӣ идома дорад

"Тоҷикистон, ки бо бештаре аз ин кишварҳо равобити қавии иқтисодӣ дорад, беқурбшавии пули милли ин кишварҳо барои Тоҷикистон беасар набуд ва ин авомили беруна ба беқурбшавии 2,1% сомонӣ мунҷар шуд", — зикр шудааст дар хабари БМТ.

Қурби доллар дар ҶТ дар қиёс бо болоравии дигар арзҳо мӯътадил аст

Дар БМТ таъкид мекунанд, ки уфти пули миллӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балкӣ дар куллияи кишварҳои Авруосиё мушоҳида шудааст. 

"Хабарҳои хуб, ки 26 август садо доданд, аз ҷумла баёнияи Бонки марказии Чин дар бораи коҳиши суди қарзҳо ва пасандозҳо ба боло рафтани қурбҳо дар биржаи молии Шанхай мунҷар шуданд. Қурбҳои нахустини дар биржаҳои амрикоӣ ва аврупоӣ, ки 3% боло рафтанд, умедворкунанда мебошанд", — зикр мекунанд дар БМТ.

Ба ин сабаб дар рӯзҳои ахир тақвияти андаки пули миллии Тоҷикистон, ба ҳудуди 0,7% мушоҳида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала