Вазорати адлия ба ҲНИТ 10 рӯз мӯҳлат дод

© Sputnik Игорь ЛекаркинВазорати адлияи ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Вазорати адлияи ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати адлия мегӯяд, ҳамакнун ин ҳизб дар аксари шаҳру навоҳии кишвар ташкилоти ибтидоӣ надорад, биноан ҲНИТ наметавонад “ҳамчун ҳизби умумиҷумҳуриявӣ” фаъолият кунад ва анҷуман баргузор намояд.

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Вазорати адлияи Тоҷикистон бо зикри чандин "қонуншикании" ҲНИТ аз ин ҳизб хостааст, дар муддати даҳ рӯзи оянда камбудиҳояшро ислоҳ намояд, вагарна "нисбаташ чораандешӣ" мешавад, менависад АМИТ Ховар.

Рамзи ҲНИТ дар бинои асосии он дар шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ба дари қароргоҳи ҲНИТ дар Душанбе муҳр заданд

Дар огоҳиномаи вазорат, ки тариқи Ховар нашр шуд, зикр гардидааст, ки мутобиқи моддаи 20 Қонуни ҶТ "Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ", аз роҳбарияти ин ҳизб қатъи фаъолияти ғайриқонуниаш тақозо мешавад.

Вазорати адлия мегӯяд, ҳамакнун ин ҳизб дар аксари шаҳру навоҳии кишвар ташкилоти ибтидоӣ надорад, биноан ҲНИТ наметавонад "ҳамчун ҳизби умумиҷумҳуриявӣ" фаъолият кунад ва анҷуман баргузор намояд.

Вазорат даҳҳо мавриди нақзи қонунро аз ҷониби ин ҳизб зикр кардааст, ки миёни онҳо Қонуни ҶТ "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ", "Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ" мавҷуданд.

Бино бар мавҷуд будани ин қонунвайронкуниҳо вазорат огоҳ кардааст, ки;

  1. Фаъолияти ғайриқонунии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистонро, ки дар вайрон кардани талаботҳои Конститутитсия (Сарқонун), Қонуни ҶТ "Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ", Қонуни ҶТ "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" ва Оинномаи ҳизб зоҳир мегардад, қатъ намояд.
  2. Огоҳиномаи мазкурро дар мӯҳлати 10 (даҳ) рӯз баррасӣ намуда, аз натиҷааш ба Вазорати адлия ба таври хаттӣ ахборот диҳад.
  3. Дар сурати иҷро нагардидани талаботи огоҳиномаи мазкур нисбати Ҳизб чораҳои пешбининамудаи Қонуни ҶТ "Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ" андешида мешаванд.

Ин огоҳинома бо имзои муовини вазир Мирсайзод Ҳ.С нашр шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала