Додгоҳи Хуҷанд: баҳси рӯёндани 636.000 сомонии ҲНИТ беасос аст

© Sputnik Амир ИсаевЯке аз дафтарҳои ҲНИТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Яке аз дафтарҳои ҲНИТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Масъулони додгоҳи шаҳри Хуҷанд баъди шаш моҳи баррасии даъвои ҲНИТ гуфтанд, ки бинои дафтари ин ҳизб дар маркази Суғд сертификати ҳуқуқи истифодаи замин надоштааст ва аз ин рӯ даъвояш барои аз ҳукумат рӯёндани биное, ки дар ин замин вуҷуд дорад, беасос дониста шудааст.

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд даъвои Ҳизби наҳзати исломиро барои рӯёндани 636 ҳазор сомонӣ аз ҳукумат рад кард, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.

Ба иттилоъи манбаъ, ҲНИТ иддао дорад, шаҳрдории Хуҷанд бинои дафтари онҳо, воқеъ дар маҳаллаи бистуми ин шаҳрро ғайриқонунӣ тахриб кардааст ва бояд баҳояшро бипардозад. Тахриби ин бино моҳи июни соли гузашта сурат гирифт ва мақомот гуфта буданд, ки ин кор ба далели ҷой надоштани бино дар нақшаи генералии маркази вилояти Суғд хароб карда шудааст.

Вазорати адлияи ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати адлия ба ҲНИТ 10 рӯз мӯҳлат дод

Дар ҳамин ҳол, масъулони додгоҳи шаҳри Хуҷанд баъди шаш моҳи баррасии даъвои ҲНИТ гуфтанд, ки бинои дафтари ин ҳизб дар маркази Суғд сертификати ҳуқуқи истифодаи замин надоштааст ва аз ин рӯ даъвояш барои аз ҳукумат рӯёндани биное, ки дар ин замин вуҷуд дорад, беасос дониста шудааст.

Вакили мудофеи ҲНИТ дар ин қазия Файзиннисо Воҳидова мегӯяд, ба ин назар аст, ки шояд мақомот дидаву дониста аз додани сертификати замин ба ҳизби наҳзат худдорӣ мекарданд, то ки дар фаъолият ва идораи моликият камбуд дошта бошад ва ҳар вақте хостанд, ин камбудро алайҳи ҳизб ба кор баранд.

Бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд аз охирҳои солҳои навади асри гузашта то соли 2010 дафтари худро дар утоқҳои иҷора ҷой медод. Аммо соли 2010 як узви ин ҳизб дар Хуҷанд иншооти собиқ мағозаи "Фарангис" дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд, дар паҳлӯи масҷиди "Нури ислом"-ро харида, ба ҳизбаш ҳадя кард. Баъд аз таъмир ва бозсозӣ ин биноро ба дафтари шуъбаи вилоятии ҳизб табдил доданд.

Тобистони соли гузашта мақомоти Хуҷанд ба далели он ки тибқи нақшаи кулли Хуҷанд дар ҷои бинои дафтар, иборат аз 380 метри мураббаъ васеъ кардани роҳи нақлиётӣ ва гулгашт пешбинӣ шудааст, онро хароб карданд. Дар пайи ин иқдом мақомоти ҳукумати шаҳри Хуҷанд ваъда карда буданд, ки ба ҷои бинои тахрибгардидаи дафтари бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд ҷои нави муносиберо дар ихтиёри онҳо мегузоранд ё маблағи онро ҷуброн мекунанд. Аммо ин ваъда иҷро нашуд ва баҳс ба додгоҳ кӯчид.

Лентаи хабарҳо
0