Иттиҳоми “роҳандозии муҳоҷирати ғайриқонунӣ” ба ду муҳоҷири тоҷик

Дастгиршудаҳо шаҳрвандони дигари Тоҷикистонро ба Русия даъват карда, ба онҳо асноди тақаллубӣ медодаанд, зикр мекунад манбаъ.

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Ду шаҳрванди Тоҷикистонро барои роҳандозии муҳоҷирати ғайриқонунӣ то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад, навиштааст сомонаи додситони вилояти Челябински Русия.

Микроавтобусҳо дар Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷири тоҷик 850 ҳазор рубли ёфтаашро баргардонд

Ин сомона навиштааст, додситонӣ парвандаи ҷиноӣ нисбати Алиҷон Сангов ва Мусулмон Азизов, шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Додгоҳи ноҳияи Калинин ирсол кардааст.

"Ҳангоми санҷиш кормандони пулис се ҳолати роҳандозии муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз ҷониби ин афродро ошкор сохтаанд", — омадааст дар хабари сомона.

Дастгиршудаҳо шаҳрвандони дигари Тоҷикистонро ба Русия даъват карда, ба онҳо асноди тақаллубӣ медодаанд, зикр мекунад манбаъ.

"Ба иттилои тафтишот, муҳоҷирон фаъолияти ғайриқонунии худро декабри соли 2014 шурӯъ кардаанд. Онҳо дар кортҳои муҳоҷират дар мавриди убури марзи Русия сана ва муҳри тақаллубӣ мегузоштаанд. Бо ин ҳуҷҷатҳо шаҳрвандони хориҷӣ давоми 90 рӯз дар қаламрави Русия метавонанд ба сар баранд. Кортҳои тақаллубиро онҳо бар ивази ду ҳазор рубл ба ҳамватанҳои худ мефурухтаанд", — омадааст дар хабари сомона.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала