Ҳалокати панҷ нафар ноболиғ дар рӯзҳои истироҳат

© pixabay.com/succoВасилаи наҷотдиҳӣ. Акс аз бойгонӣ
Василаи наҷотдиҳӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилӣ аз волидайн хостааст, то дар назорати фарзандони ноболиғашон бо масъулият бошанд ва онҳоро аз хатарҳо эмин нигаҳ доранд.

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Дар пайи ҳодисаҳои гуногун дар ду рӯзи охир 5 ноболиғ дар Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст, менависад сомонаи ВКД.

ВКД: ҳалокати даҳ нафар дар як рӯз дар обҳои кишвар

Бино бар иттилои сомона, 30-юми августи соли равон ноболиғи 13-солаи сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми пухтани ғизо аз беэҳтиётӣ дасташ ба ноқили барқи дастгоҳи ғизопазии худсоз расида, дар пайи шидати неруи барқ кушта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, 4 ноболиғи дигар бар асари ғарқ шудан дар ҷуйбору заҳбурҳо ба ҳалокат расидаанд, ки  писарбачаҳои 1,2,7 ва 8 сола будаанд.

Вазорати корҳои дохилӣ аз падару модарон ва наздикону пайвандони ноболиғон талаб кардааст, ки фарзандони хурдсоли худро беназорат нагузошта, онҳоро пайваста мавриди таваҷҷӯҳ қарор бидиҳанд, то аз ҳар гуна хатару ҳодисаҳои нохуш эмин нигоҳ дошта шаванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала