Бошгоҳи ҷопонии “Кякиа” фестивали косплей анимеро баргузор кард

Обуна шудан
Ҳаводорони бозии либосҳои машҳури ҷопонӣ, ки бо номи косплей машҳур аст, дар театри лухтаки Душанбе гирди ҳам омаданд, то бори дигар ба қаҳрамонҳои худ бингаранд ва ҳамроҳ бо онҳо дилхушӣ намоянд.

Дар чорчӯби ҷашнвора аниме муаррифӣ баргузор гардид. Ба саҳна қаҳрамонони машҳур: Натуро Узумаки, Читоки Кирисаки, худои ришдори ҷопонӣ Ято, Акаме, Канеки ва дигарон баромаданд. Ширкатдорони ҷашнвора гуфтанд, онҳо дар танҳогӣ наметавонистанд либосҳои заруриро омода кунанд, барои ҳамин нақши тахайюлии қаҳрамононро омода карданд.

Ба ғайр аз ин, намоиши аксессуарҳо, часпаку овезаҳо ва караоке низ сурат пазируфт.

Иштирокдорони ҳамоиш тамошочиёнро ба Maid cafe- ҷои анъанавии ҷопониҳо даъват карданд ва ин ҳам аз бартариҳои ҷашнвора маҳсуб меёбад.

 

Лентаи хабарҳо
0