Даргузашти захмии дуввум дар бетартибиҳои назди парлумони Украина

Вазири умури дохилаи Украина Арсен Аваков дар саҳифаи инфиродиаш дар Twitter навишт, низомии Горди миллӣ, ки рӯзи гузашта дар назди Рада ҷароҳат бардошта буд, дар беморхона фавтид.

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Роҳбари ВУД-и Украина Арсен Аваков дар бораи ба ҳалокат расидани узви Горди миллӣ, ки дар ҷараёни эътирозоти рӯзи гузашта ҷароҳат бардошта буд, хабар дод.

ВКД Украина: дар бетартибиҳои назди Рада 141 кас осеб диданд

Аваков дар саҳифаи Twitter навишт, сарбоз аз минтақаи Жёлтих вод  ба хидмати низомӣ даъват шуда буд.

Боз як сарбози дигари Горди миллӣ, ки дар даргириҳои назди Рада захмӣ шуда буд, ҳалок шуд… Сластиков  Дмитрий, наваскар аз Жёлтих вод… Хеле дарднок аст",- идома додааст Аваков.

Радаи болри Украина рӯзи душанбе бо пешниҳоди райисҷумҳур Петр Порошенко ба  манотиқи шарқи Украина мухторияти бештар тақдим кард. Эътирозгарон ба нишони норизоият аз  тарҳи қонун ба майдон баромаданд. Аснои бетартибиҳо беш аз 140 нафар осеб диданд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала