Тоҷикистону ИМА ҳамкориҳояшонро тақвият хоҳанд дод

Муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар суҳбат бо муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон масъалаи ҳамкории Вашингтону Душанбе дар мубориза алайҳи терроризми байналмилалиро ба миён гузоштааст.

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik.  Муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ зуҳри 2 сентябр муовини ёвари котиби давлатии ИМА Дениел Розенблумро, ки дар доираи як сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКХ.

"Дар ин вохурӣ ҷонибҳо доир ба мавзӯъҳои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масоили ҷолиби таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар намудаанд",-меафзояд манбаъ.

Аснои нишаст оқои Зоҳидӣ бо Розенблум масъалаҳои вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар соҳаҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ, амниятию сиёсӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ муҳокима шудааст.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тавсеа додани ҳамкории мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва ИМА изҳор доштанд

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала