Раҳимзода ва Розенблум ислоҳоти милитсияро баррасӣ карданд

© Предоставлено Мавзуной АбдуллоевойРамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотии ВКД. 24 июли соли 2015
Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотии ВКД. 24 июли соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Дар ин нишаст доир ба рафти ислоҳоти милитсия ва Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ сӯҳбат кардаанд.

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо муовини ёвари вазири корҳои хориҷии ИМА Дениел Розенблум  ҳамкориҳои мақомоти милиса бо ИМА-ро мавриди баррасӣ қарор додаанд, омадааст дар хабари сомонаи ин ниҳод.

Аснои мулоқот ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстеремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ ба баррасӣ гирифта шуд.

Бинои ВУХ ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону ИМА ҳамкориҳояшонро тақвият хоҳанд дод

Ба иттилоъи манбаъ, Раҳимзода аз ҳамкориҳои вазорат бо сафорати ИМА ситоиш карда гуфтааст, ки аз ҷониби Сафорати ИМА ба мақомоти корҳои дохилӣ пайваста кӯмакҳои техникӣ расонида мешавад, ки ин таҷҳизотҳо барои мубориза бо ҷинояткорӣ ва терроризм мусоидат менамоянд.

Ҳамчунин, дар ин нишаст доир ба рафти ислоҳоти милитсия ва Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ сӯҳбат кардаанд.

Дипломати амрикоӣ сафараш ба Тоҷикистонро аз вилояти Суғд оғоз карда, дар шаҳри Қайроққум аз Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа намуда буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала