Ширкати раисҷумҳур ва неруҳои тоҷик дар гузашти низомӣ дар Чин

© AP / Ng Han GuanГузашти низомӣ дар Пекин бахшида ба 70-солагии ғалаби мардуми Чин аз болои Ҷопон дар Ҷанги дуюми ҷаҳон
Гузашти низомӣ дар Пекин бахшида ба 70-солагии ғалаби мардуми Чин аз болои Ҷопон дар Ҷанги дуюми ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар ин чорабинӣ сарони беш аз 25 давлат ва роҳбарону намояндагони воломақом аз созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ иштирок карданд.

ДУШАНБЕ, 3 сент — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар гузашти низомӣ ба муносибати 70 — солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки дар маркази шаҳри Пекин 3 сентябр доир гардид, иштирок кардааст, менависад сомонаи президент.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари ҶМЧ Син Ҷинпин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Си Ҷинпин: ба Тоҷикистон аз ҳама ҷиҳат кӯмак мекунем

Дар макони асосии баргузории чорабинии идона — майдони Тянанмэн раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва сарони кишварҳои дигарро Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин истиқбол гирифт.

Дар ин чорабинӣ сарони беш аз 25 давлат ва роҳбарону намояндагони воломақом аз созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ иштирок карданд.

Си Ҷинпин зимни суханронӣ ҳозирин ва тамоми мардуми Чинро бо анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ табрик гуфтааст.

Дар паради ҳарбӣ ҳамчунин нахустин маротиба ҷузъу томҳои ҳарбии Тоҷикистон, Русия, Муғулистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок кардаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ як ҷузъи полки комендантии Вазорати мудофиа намояндагӣ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0