Ба фурӯш рафтани беш аз 9 ҳазор билет дар бозии Тоҷикистону Австралия

Дар ҳамин ҳол, шоми дирӯз бозиҳои даври сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳон- 2018 дар ҳашт гурӯҳи Осиё баргузор шуданд. Дастаи мунтахаби Австралия, ки дар як гурӯҳ бо Тоҷикистон ҳунарнамоӣ дорад, дар майдони худ мунтахаби Бангладешро бо натиҷаи 5 бар 0 шикаст дод. Дар ин вохӯрӣ ду голро Томас Рогич ба нишон расонд.

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Дар бозии даври чоруми марҳилаи интихобии футболи Қаҳрамонии ҷаҳон-2018 байни Тоҷикистону Австралия аллакай наздики 9 ҳазор билет фурӯхта шудаст, менависад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Роҳбари департаменти маркетинг ва алоқа бо ҷомеаи ФФТ Фирӯз Ҳасанов мегӯяд, бозии байни дастаҳои футболи ду кишвар рӯзи 8 сентябр, соати 18.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, ки 19. 600 ҷои нишаст дорад, баргузор мегардад.

Метю Райан- дарвозабони асосии тими мунтахаби Австралия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мунтахаби Австралия дар Душанбе бе дарвозабони асосӣ бозӣ мекунад

"Аллакай наздики 9 ҳазор билет фурӯхта шудаст. Маълум аст, ки бисёрии мухлисон билетҳоро дар рӯзи бозӣ ва ё як рӯз пештар харидорӣ мекунанд",- афзудааст номбурда.

Дар ҳамин ҳол, бозиҳои даври сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳон- 2018 дар ҳашт гурӯҳи Осиё баргузор шуданд. Дастаи мунтахаби Австралия, ки дар як гурӯҳ бо Тоҷикистон ҳунарнамоӣ дорад,  дар майдони худ мунтахаби Бангладешро бо натиҷаи 5 бар 0 шикаст дод. Дар ин вохӯрӣ ду голро Томас Рогич ба нишон расонд.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаи мунтахби Қирғизистон дар сафар бо мунтахаби Урдун вохӯриашро бо ҳисоби 0 бар 0 мусовӣ анҷом дод. Пас аз даври сеюм Австралия бо 6 имтиёз ба садри ҷадвал баромад.

Дар ин давр шумораи аз ҳама зиёди голҳо дар вохӯрии байни дастаҳои мунтахаби Қатар ва Бутан ба дарвоза ворид шуданд. Соҳибони майдон бо 15 гол меҳмоноро "меҳмондорӣ" карданд.

Натиҷаи бозиҳои дигари ин давр чунин аст: Эрон- Гуам 6:0, Амороти Мутаҳидаи Араб —Малайзия 10:0, Корея — Лаос 8:0 Ҷопон — Камбоҷа 3:0, Ироқ- Тайван 5:1, Ӯзбакистон- Яман 1:0, Уммон — Туркманистон 3:1, Сурия —Сингапур 1:0, Кувайт — Мянмар 9:0.

Рӯзи 8 сентябр дар даври чорум дар варзишгоҳи марказии Душанбе  дастаи мнутахаби футболи Тоҷикистон бо тими яккачини футболи  Австралия вориди  майдон мешаванд. 

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала