Панҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар Подмоскове ба ҳалокат расиданд

© Sputnik / Сергей ПятаковСадамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ
Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳоли ҳозир намояндагии вазорати меҳнат масъалаи ба ватан фиристодани ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистонро рӯи даст гирифтааст.

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Садамаи нақлиётӣ, ки шоми дирӯз дар километри шашуми шоҳроҳи А-107 дар наздикии рустои Никулинои минтақаи Подмоскове дар вилояти Маскав рух дод, боиси марги 5 шаҳрванди Тоҷикистон шуд, иттилоъ медиҳад намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР.

Ба иттилоъи манбаъ, ин фоҷеа аснои бархӯрди якбора се мошин рух додааст.

Муфаттиши Раёсати тафтишотии умури дохилаи минтақаи Подолск Денис Овсянников гуфтааст, шоми 6 сентябр дар як сонеҳае мошини боркаш ба самти муқобили роҳ ҳаракат карда, бо микроавтобуси "Газел" бархӯрдааст.

Дар дохили "Газел" 6 шаҳрванди Тоҷикистон буданд. Дар натиҷаи ин бархӯрд, чаҳор мусофир дар ҷои ҳодиса ҷон дода, нафари панҷум дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расид. Ҳуввияти ҳамаи қурбониҳо мушаххас шудааст:  

Холов  Акбар Абдумавлонович, с.т. 08.02.1988

Холов Ҷахонгир Абдумавлонович, с.т. 22.08.1989

Холов Ҷамшед Абдулмӯминович, с.т. 31.03.1988

Пардаев Шавкатҷон Муҳиддинович, с.т. 20.02.1986

Ишев Муҳриддин Одинаҳатович, с.т. 17.12.1996.

Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ронандаи мошини боркаш дар содир кардани ин сонеҳаи нақлиётӣ  гумонбар дониста мешавад.

Дар ҳоли ҳозир намояндагии вазорати меҳнат масъалаи ба ватан фиристодани майити шаҳрвандони Тоҷикистонро баррасӣ дорад.

Лентаи хабарҳо
0