Ҳалокати 10 нафар бар асари суқути се ҳавопаймои хурд дар ИМА

© wikimedia.org / Гузариш ба медиабонкҲавопаймои хурди Ryan PT-22 Recruit. Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймои хурди Ryan PT-22 Recruit. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳавопаймои хурде рӯзи якшанбе дар куҳҳои иёлати Колорадои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба замин сарорез шудааст. Дар натиҷа кулли мусофирони дохили ҳавопаймо, ки шуморашон ба 5 мерасид, ба ҳалокат расидаанд.Инчунин дар пайи суқути ду ҳавопаймои хурди дигар дар иёлатҳои Орегон ва Каролинаи шимолӣ панҷ нафар ҷон додааст.

ДУШАНБЕ, 8 сен —Sputnik. Суқути се ҳавопаймои хурд ҳангоми таҷлил аз Рӯзи меҳнат дар ИМА боиси ҳалокати 10 нафар гардид, менависад, РИА Новости рӯзи сешанбе бо истинод ба шабакаи телевизиони CNN.

Дар пайи ба замин сарозер шудани ду ҳавопаймои хурд рӯзи душанбе дар иёлатҳои Орегон ва Каролинаи шимолӣ панҷ нафар ба ҳалокат расидаанд.

Як ҳавопаймои хурд рӯзи якшанбе дар минтақаи мушкилраси куҳҳои иёлати Колорадо суқут кардааст. Тибқи иттилои намояндаи  Кумитаи миллӣ оид ба бехатарии нақлиёт Питер Надсен ҳамаи панҷ нафаре, ки дохили ҳавопаймо буданд, ба ҳалокат расидаанд.

Сабабҳои ҳодиса мавриди тафтишу таҳқиқи мақомоти маҳаллӣ қарор дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0