ВКД: боздошти сокини Мурғоб бо 2 кило ёқут

Дар пайи амалиёти фаврии кормандони пулиси Тоҷикистон як сокини 36-сола аз ноҳияи Мурғоб бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо боздошт шудааст.

ДУШАНБЕ, 8 сен —Sputnik. Як сокини ноҳияи Мурғоб бо ду кило санги қимматбаҳо аз сӯи кормандони пулиси Тоҷикистон боздошт шудааст, менависад сомонаи расмии ВКД.

Манбаъ дар бораи ному насаби нафари боздоштшуда чизе нагуфтааст, аммо мегӯяд, сангҳои қиматбаҳои мусодирашуда ёқут мебошад.

"Дар вақти кофтукоби шахсӣ аз гумонбаршуда 2 кило сангҳои қимматбаҳои навъи ёқут дарёфт ва мусодира карда шуд",- меафзояд сарчашмаи хабар.

Ин ниҳод мегӯяд, феълан алайҳи боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.  

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала