Гуруҳи тафтишотӣ аз амволи ғайриқонунии Назарзода дарак дод

© Sputnik / Амир ИсаевБинои Додситонии кулли Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи тафтишот муайян шудааст, ки собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода соҳиби истироҳатгоҳҳо дар Варзоб, ширкати сохтмонӣ, хоҷагии кишоварзӣ, коргоҳи дузандагӣ, коргоҳи нонпазӣ, тарабхона, толори варзишӣ, хоҷагии чорвопарварӣ ва хоҷагии асппарварӣ мебошад.

ДУШАНБЕ, 8 сен —Sputnik. Гуруҳи тафтишотии парвандаи Абдуҳалим Назарзода, ки дар ташкили ду ҳамлаи мусаллаҳона ба кормандони пулис дар шаҳрҳои Ваҳдату Душанбе айбдор мешавад, амволи собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистонро ҳисоб кардаанд, менависад  хабаргузории Озодагон бо истинод ба Додситонии кулл.

Тибқи гузориши ин гуруҳ, Абдуҳалим Назарзода соҳиби истироҳатгоҳҳо дар Варзоб, ширкати сохтмонӣ, хоҷагии кишоварзӣ, коргоҳи дузандагӣ, коргоҳи нонпазӣ, тарабхона, толори варзишӣ, хоҷагии чорвопарварӣ, хоҷагии асппарварӣ мебошад.

ВАО: Назарзода мегӯяд, ҳамлаҳо кори ӯ нест

Тавре хабаргузории Озодагон менависад, тафтишот муайян кардааст, ки гӯиё Назарзода бинои Донишкадаи геодезии Академияи улумро дар гузаргоҳи 3-юми маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ соҳиб шуда, баъди таъмир ба манзили истиқоматӣ табдил додааст.

Назарзода дар 50 гектар замини атрофи ин донишкада гӯйё худсарона нуқтаҳои таъмири воситаҳои нақлиёт, хоҷагии ёрирасон барои парвариши нигоҳдории чорво ташкил намудааст. Инчунин муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон дар азхудкунии хоҷагии деҳқонии "Тобистон", ки 148 гектар заминро фаро мегирад, муттаҳам мешавад.

Дар гузориши гуруҳи тафтишотӣ таъкид мешавад, ки хоҷагии номбурда чор маротиба бо қарори додгоҳ ба ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳри Ваҳдат гузошта шудааст, аммо Назарзода бо роҳҳои гуногун, бо ҳалномаи Суди олии иқтисодии Тоҷикистон баҳсро ба манфиати худ ҳал намудааст.

Ҳамзамон, гурӯҳи тафтишотӣ муайян намудааст, ки собиқ муовини вазири мудофиа дар кӯчаи Аҳмади Дониш кафе-бари "Бахтиёр"-ро бунёд кардааст. Ба ғайр аз ин, дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб як мағозаи фуруши маҳсулоти чорво ва коргоҳи дузандагӣ вуҷуд доранд, ки тибқи бархе маълумот ба зани сеюми Ҳоҷӣ Ҳалим тааллуқ доранду инчунин соҳиби се истироҳатгоҳ дар Варзоб мебошад, ки гаронарзиш мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0