Майдони назди шаршараи “Наврӯзгоҳ”- макони асосии чорабиниҳои идона

© Sputnik / Амир ИсаевШаршара дар боғи "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт. Акс аз бойгонӣ
Шаршара дар боғи Наврӯзгоҳ-и пойтахт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунармандони ансамблҳои «Гулшан», «Зебо», «Ҷаҳоноро», «Лола», «Сомон», инчунин овозхонҳои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон бо барномаи идонаи консертӣ ҳунарнамоӣ менамоянд.

ДУШАНБЕ, 8 сен —Sputnik. Шаҳрдории Душанбе нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатиро дар пойтахт тасдиқ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.

"Базмгоҳи асосии таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт майдони назди шаршараи «Наврӯзгоҳи пойтахт» таъйин шуд. Дар ин ҷо  шоми 9 сентябр аз соати 18:00 барномаи идонаи консертӣ,  инчунин ҳунарнамоии устодони санъат, дастаҳои ҳунарӣ ва ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор мегардад",-менависад манбаъ.

Ҳамин тавр, 9 сентябр аз соати 10:00 дар боғҳои  фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон», «Дӯстии халқҳо» ва майдони «800 — солагии Маскав» барои истиқболи   ҷашни Истиқлол намоиши маҳсули дастони ҳунармандон, маҳсулоти саноатӣ, намоиш —фурӯши маҳсулоти кулчагию қаннодӣ, шириниҳои идона ва  таомҳои миллӣ  ташкил карда мешавад.

Манбаъ менависад, дар ин боғҳо бо мақсади хотирмон гузаштани сайругашти идонаи сокинон ва меҳмонони пойтахт ҳунармандони ансамблҳои «Гулшан», «Зебо», «Ҷаҳоноро», «Лола», «Сомон», инчунин овозхонҳои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон бо барномаи идонаи консертӣ ҳунарнамоӣ менамоянд. 

Лентаи хабарҳо
0