Раҳбарони ҷаҳон истиқлолияти Тоҷикистонро табрик мегӯянд

© Sputnik / Игорь ЛекаркинДушанбе. Акс аз бойгонӣ
Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 24-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон унвонии раисҷумҳур мерасанд.

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Дар робита ба солгарди Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон номаҳои табрикотӣ аз разбарони кишварҳо, созмонҳо ва ходимони барҷастаи дунё унвонии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ворид мешаванд, навиштааст сомонаи президент.

"Мутмаинам, ки таҳкими ҳамкориҳо дар ҳама самтҳо ба манфиатҳои аслии ду халқ ҷавобгӯянд. Бори дигар таъкид мекунам — Русия саъю кӯшишҳои роҳбарияти Тоҷикистонро барои таъмини субот ва амнияти минтақа, пешгирӣ намудан аз кӯшишҳои нооромсозии вазъият дар ҷумҳурӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд", — навиштааст Владимир Путин, президенти Русия дар номаи табрикотии худ.

Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин ҳам бо таманнои рушди Тоҷикистон гуфтааст, "омодаам, ки якҷоя бо шумо робитаи наздикро ба роҳ монда, баҳри вусъати мунтазами ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистону Чин кӯшиши якҷоя ба харҷ диҳам".

Барак Обама, президенти Амрико ҳам бо ирсоли барқияи табрикотӣ, 24-уми солгарди истиқлолияти кишварро шодбош гуфтааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар номаи табрикотии худ ба мардуми Тоҷикистон сулҳу озодӣ ва некӯаҳволиро таманно кардааст.

Ҳамзамон сарварони кишварҳои Мексика, Словакия, Туркия, Ҷумҳурии Куба, Молдова, Фаластин ва дигарон истиқлолияти Тоҷикистонро табрик гуфтаанд.

Лентаи хабарҳо
0