Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Пайдо ва мусодираи маҳсулоти куҳнашуда дар Душанбе

© Sputnik Игорь ЛекаркинБинои агентии "Тоҷикстандарт". Акс аз бойгонӣ
Бинои агентии Тоҷикстандарт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар як анборе дар Душанбе миқдори зиёди картошкаи бирёншудаи “Маз-Маз”, маҳсулоти қаннодӣ, донаи офтобпараст, консерваи лубиёгӣ ва зардолу, консерваи моҳигӣ ва гӯшти мурғи аз муҳлат гузашта пайдо ва мусодира шудааст.

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Танҳо дар як анбори нигоҳдории маҳсулоти озуқа дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3,5 тонна маҳсулоти хӯроквории кӯҳнашуда ифшо шудааст, иттилоъ медиҳад агентии "Тоҷикстандарт".

Бинои Агентии Тоҷикстандарт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
“Тоҷикстандарт”: “Ветаминчик”-и чинӣ зиёновар аст

Масъулини анбори нигоҳдории маҳсулоти "Фирдавсӣ бартар-Этко" бо вуҷуди гузаштани муҳлати истеъмоли маҳсулоти гуногун онро дар анбори худ нигоҳ дошта, аз истифода набаровардаанд.

Дар ин анбор 334 кг картошкаи бирёншудаи "Маз-Маз", 621 кг маҳсулоти қаннодӣ, 150 кг донаи офтобпараст, 324 кг консерваи лубиёгӣ ва зардолу, 1700 кг консерваи моҳигӣ ва 432 кг гӯшти мурғ дарёфт шудааст.

Зимни як рейд масъулини "Тоҷикстандарт" ҳамчунин аз якчанд нуқтаҳои савдои пойтахт 765 литр нӯшокиҳои ташнашикан, 196 кг маҳсулоти қаннодӣ, 31 кг қандчаҳои истеҳсоли Чин, 12 кг чойи хушк, 20 кг маҳсулоти ширӣ ва монанди инро ошкор ва аз муомилот бардоштаанд.

Масъулини анбори "Фирдавсӣ бартар-Этко" ва нуқтаҳои савдо барои ба нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти мӯҳлаташон гузашта муҷозот хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала