Барои аввалин бор як зан дар Белорус муддаи курсии президентӣ шуд

Обуна шудан
Ин бону узви фаъоли созмони “Говори правду” буда, 8 марти соли 1977 дар шаҳри Минск ба дунё омадаааст ва фориғуттаҳсили факултаи равоншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Белорус мебошад.

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Татяна Короткевич, як фаъоли 38 — солаи созмони "Говори правду!" (Рост бигӯ) аввалин занест, ки бори нахуст дар таърихи Белоруси  соҳибистиқлол ба мансаби баланди давлатӣ номзад шудааст, менависад Sputnik дар Минск.

"Номзадии ӯ ба мақоми президентии Беларусия дар ҷаласаи ахири Кумисиюни интихоботи ин кишвар ба қайд гирифта шуд, ки рӯзи панҷшанбе дар бинои ҳукумат баргузор гардид",- афзудааст манбаъ.

Нишасти хабарии президенти Белорус Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон
Лукашенко мегӯяд, ҳисси маъулият намегузорадаш аз мансаб биравад

Тибқи иттилоъи Кумисиюни интихоботи Белорус, аз миёни имзоҳои ҷамъоваринамудаи хонум Короткевич беш аз 105 ҳазори он таъйид шудаанд. Дар ҳоле ки ин кумисиюн ҳадди шумори имзоҳои лозимиро 100 ҳазор муайян кардааст.

Татяна Короткевич, муддаии курсии президентии Белорус  узви фаъоли созмони "Говори правду" буда, 8 марти соли 1977 дар шаҳри Минск ба дунё омадаааст ва фориғуттаҳсили факултаи равоншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Белорус мебошад. Дар гузашта дар сохторҳи гуногун дар риштаи равоншиносӣ кор карда, дар ҳоли ҳозир мудирии кулли муассисаи иҷтимоии "Семейная плошадка", як бунёди кумак ба ниёзмандонро бар уҳда дорад.

Ӯ дар интихоботи президентии соли 2010 дар Белорус  ба ҳайси шахси боэътимоди Владимир Некляев, номзад ба мақоми президентии ин кишвар иштирок карда буд.

Лентаи хабарҳо
0