Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Бону Эллиотт аз мақоми сафири ИМА дар ҶТ канор меравад

© Официальная страница Посольства США в РТ в FacebookСафири ИМА (дар байн) аснои мулоқот дар шаҳри Исфара. Акс аз бойгонӣ
Сафири ИМА (дар байн) аснои мулоқот дар шаҳри Исфара. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сюзан Эллиотт, ки тайи се соли ахир дар Тоҷикистон ба ҳайси сафири Амрико фаъолият дорад, дар мақомоти низомии кишвараш мансаби нав гирифтааст.

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт дар "EUCOM", мақараш дар Штутгарти Олмон ба ҳайси муовини фармондеҳ-мушовир дар масоили мулкию сиёсӣ кор хоҳад кард, иброз дошт аснои сӯҳбат бо Sputnik корманди масъули сафорат Соро Мародалиева.

Хонум Эллиотт аз моҳи октбяри соли 2012 то ҳол ба ҳайси сафирии ИМА дар шаҳри Душанбе фаъолият дорад.

Расонаҳо дар мавриди сафири ИМА дар Тоҷикистон Тоҷикистон таъин шудани Элизабет Миллард ҳадс мезананд. Хонум Миллард аз соли 2013 ба ин сӯ, ба ҳайси муовини котиби иҷроияи Депардаменти давлатии ИМА кор мекунад ва дар гузашта дар сафоратхонаҳои кишвараш дар Қазоқистон, Непал, Ҳиндустон ва Мағриб фаъолият кардааст.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА 14 феврали 1992 барқарор гардида, моҳи марти ҳамон сол сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Қазоқистон) кушода шуд ва сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон аз соли 2002 ба ин сӯ, фаъолият менамояд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала