Дар Душанбе беш аз 1 тонна маводи мухаддиро оташ заданд

© Sputnik / Александр АлпаткинНобудсозии маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ
Нобудсозии маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Беш аз 1 тонна маводи гуногуни мухаддир дар Тоҷикистон бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, беш аз 1 тона маводи гуногуни мухаддир, ки аз гуруҳои қочоқбар дар қаламрави кишвар мусодира гардида буд, оташ зада шуданд, омадааст дар хабари дафтари матбуотии ин ниҳод.

Ба иттилоъи манбаъ, ин миқдори маводи мухаддир аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва иштироки намояндагони мақомотҳои судию прокуратура ва рӯзноманигорони васоити ахбори омма рӯзи душанбе дар оташдони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиктекстилмаш»-и шаҳри Душанбе нобуд карда шуд.

Мусодираи ҳероин аснои амалиёти муштараки хадамоти ҶТ ва ҶҚ

"Зимнан 43 кило ҳероин, 128 кило маводи нашъадори афюн, беш аз 310 кило бангдона, 401 кило ҳашиш, 18 бех ниҳолҳои худрӯйи бангдона, 45 адад ҳабҳои нашъадор ва дигар намудҳои маводҳои мухаддиру воситаҳои психотропӣ маҳв карда шуд",-афзудааст сарчашмаи хабар.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, танҳо дар давоми нимсолаи аввали соли 2015 аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар 2 тоннаву 666 кг маводи мухаддир мусодира шудааст, ки аз ин миқдор 1 тоннаву 377 килограмм ё 51,6 фоиз ба дӯши мақомоти корҳои дохилӣ рост меояд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала