Ҷаласа дар Душанбе ғайриоддӣ шурӯъ шуд

© Sputnik Дмитрий ПисаренкоАкси дастаҷамъии ҷаласаи вазирони хориҷа, Шӯрои вазирони дифоъ ва Кумитаи котиботи шӯрои амнияти СПАД
Акси дастаҷамъии ҷаласаи вазирони хориҷа, Шӯрои вазирони дифоъ ва Кумитаи котиботи шӯрои амнияти СПАД - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти сатҳи олӣ дар ҳошияи ҷаласаи СПАД дар Душанбе бо вохӯрии муштараки вазирони умури хориҷа ва дифоъ, инчунин дабирони шӯрои аамният оғоз гардид. Ба гуфти хабарнигори Sputnik, ин ҳодисаи нодир буда, ба саммитҳои қаблӣ монанд нест.

Соати 6 субҳ дар кӯчаҳои Душанбе аз одамони мулкӣ дида низомиён бамаротиб бештар буданд. Аммо дар боғи Рӯдакӣ- баръакс. Ба назар чунин мерасад, ки ҷавонони ҳузарби либоси мулкдошта низ пайи анҷоми вазифа ҳастанд.

Ба китобхона чӣ тавр бояд рафт?

Тамриноти муштараки неруҳои вокуниши сареъ (КСОР)-и СПАД Ҳамкорӣ-2015 - Sputnik Тоҷикистон
Затулин: кишварҳои дигар низ аз СПАД кӯмак хоҳанд пурсид

Субҳи барвақт ин суол дар зеҳни ҳама чарх мезад. Дар Китобхонаи миллӣ бояд хабарнигорон ҷамъ оянд. Қабл аз вуруд ба ин бино журналистонро шадидан мавриди тафтиш қарор доданд, тамоми ашё ва борхалтаҳоро аз назар гузаронида, бо оҳанкоб бадани эшонро месанҷиданд.

Флешка (USB)-и хабарнигори Sputnik ба тир монандӣ дошт- тӯҳфа аз 23 феврал.

"Мегиранд, ё намегиранд",- фикр мекардам ман. Чаро дигарашро нагирифтам, чаро…

Билоахира нагирифтанд. Муҳофизони ҳирфаӣ бо дидани бахши пайвастшаванди он ба компютер таваҷҷуҳи худро дигар бо он банд накарданд.

Хабарнигори Sputnik ҳам ҳамроҳи ҳамкорони дигари худ вориди салон шуд, ки дар мониторҳои овехтаи ду ҷониби он сарояндаи маъруфи Шакира дар бораи африқо башиддат месароид. Яке аз мониторҳо миёни автобус овхета шуда буду бархе хабарнигорон сари худро ба он мекубиданду ҳарфҳои нохубе дар ҳаққаш мегуфтанд.

Феълан ҳама чиз шавқовар ба назар мерасид

Сафеда ва товус

Мулоқоти Путину Раҳмон имрӯз баргузор мешавад

Дар бустонсарои ҳукуматии "Кохи Сомон" моро сардие пешвоз гирифт. Ҳангоми берун рафтан аз он ҳавои гармии дохили автобус духтараконе, ки дар тан либоси шинами тобистона доштанд, зуд ба ларза даромаданду дандонҳои худро ба якдигар беэхтиёр мекубиданд.

Зарурати пиёдравӣ ба масофаи 600 метр пеш меомад, аммо духтаракон боз ҳам инҷо машғулияти худро пайдо карданд. Бо дурбинҳои аккосии худ сафедаҳоро ҳадаф қарор доданд, ки дар ин ҳол товусе ҳам бо баланд кардани садо аз худ дарак дод. Азбаски феълан "парандаҳо"-и муҳими дигар дар ин бустонсаро ҳозир нашуда буданд, хабарнигорон ҳама бо акс гирифтани сафедаву ба навор гирифтани тобус банд буданд.

© Sputnik Дмитрий ПисаренкоТовус дар назди Кохи Сомон
Павлин в резиденции Кохи Сомон - Sputnik Тоҷикистон
Товус дар назди Кохи Сомон

Нишасти бо суръат

Ташкилкунандагони ҷаласа пеш аз шуруи он пай бурданд, ки сузани пайвастакунандаи яке аз ҷонибҳои парчами кишварҳои узви СПАД вуҷуд надоранд. Ҳама дунболи он сузан афтоданду ахиран маълум шуд дар роҳ афтида будааст ва фавран скочеро гирифтанду ҷои сузан часпонданд.

Дар ҳамин ҳол иштирокдорони ҷаласа вориди толор шуда, дар баробари парчам се саф кашиданд. Дар саффи аввал раҳбарони вазоратхонаҳои хориҷӣ, қатори дуюм вазирони дифоъ ва сеюм котибони Шӯрои амният рост истоданд. Баъд аз ин ҳама вориди толори "сафед" шуданду Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон сухани худро бо хайрумақдамгӯӣ оғоз кард.

— Мулоқоти мо дар шаҳри Душанбе дар як шакли ғайристандартӣ баргузор мешавад, гуфт Аслов. Вохурии мо бори аввал аст, бо мулоқоти раҳбарони кишварҳои узв дар як вақт баргузор мешавад, на мисли пешин, ки як рӯз пеш аз вохурии раҳбарон сурат мегирифт. Дар ин робита мехоҳам аҳамият ва масъулияти ин чорабиниро таъкид кунам, ки набояд ба вақти кории роҳбарони мо таъсир расонад.

Барои ҷаласаи якҷояи Шӯрои вазирони дифоъ, Шӯрои вазирони хориҷӣ ва Кумитаи котибони Шӯрои амнияти СПАД ҳамагӣ як соат ҷудо шуд. Дар ин муддат намояндагони кишварҳои узв тавонистанд, 24 масъаларо баррасӣ кунанд, ки ба таҳкими ҳамкориҳо, бахши ҳифозати сулҳу низоми ҷавобӣ дар ҳолатҳои изтирорӣ рабт доштанд.

© Sputnik Дмитрий ПисаренкоҶаласаи муштараки вазирони умури хориҷа, дифоъ ва дабирони шӯрои амнияти кишварҳои узви СПАД
Совместное заседание совета министров иностранных дел, Совета министров обороны и Комитета секретарей советов безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаласаи муштараки вазирони умури хориҷа, дифоъ ва дабирони шӯрои амнияти кишварҳои узви СПАД
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала