Башор Асад гуфт, бо ДИ то маҳв шуданаш мубориза мебарад

© Sputnik / Дмитрий Виноградов / Гузаштан ба хазинаи аксНизомии артиши Сурия акси Башор Асадро дар либосаш ба намоиш гузоштааст
Низомии артиши Сурия акси Башор Асадро дар либосаш ба намоиш гузоштааст - Sputnik Тоҷикистон
Аз оғози даргириҳои мусаллаҳона дар моҳи марти соли 2011 дар Сурия то имрӯз, тибқи иттилои СММ, беш аз 220 ҳазор одам ба ҳалокат расида, дар ин минтақа асосан ҷангиёни “Давлати исломӣ” ва гуруҳи “Ҷабҳа ан- Нусра” бо мақомоти ҳукуматӣ дар ҳоли ҷанг қарор доранд.

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Терроризм ҳамоно мушкили рақами яки Сурия боқӣ мемонад, иброз дошт Башор Асад аснои сӯҳбат бо расонаҳои Русия.

СММ: 25 ҳазор хориҷиён алайҳи ҳукуматҳои Сурия ва Ироқ меҷанганд

Ба назари ӯ, маҳз ҳамин мушкил сабаби аслии масоили ҳалношуда маҳсуб меёбад: раванди танзими сиёсат, муносибати кунд бо Ғарб ва вазъияи ноҷӯри гурезаҳо.

Президенти Сурия гуфт, бо гуруҳҳое амсоли  "Давлати исломӣ" ва "Ҷабҳа ан-Нусра" ҳеч гуна гуфтушунид дар назар нест ва нахоҳад шуд.

"Инҳо на фақат гуруҳҳои мухолифи давлатанд, балки ҷонибдорони аслии терроризм мебошанд. Барои ҳамин бо онҳо гуфтушунид маънӣ надорад ва он бенатиҷа аст. Бо онҳо ҷанг бояд кард ва онҳоро нобуд бояд сохт",-афзуд ӯ.

Аз оғози даргириҳои мусаллаҳона дар моҳи марти соли 2011 дар Сурия то имрӯз, тибқи иттилои СММ, беш аз 220 ҳазор одам ба ҳалокат расида, дар ин минтақа асосан ҷангиёни "Давлати исломӣ" ва гуруҳи "Ҷабҳа ан- Нусра" бо мақомоти ҳукуматӣ дар ҳоли ҷанг қарор доранд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала