ВКД ва КДАМ: амалиёти вижа алайҳи “генерали фирорӣ” анҷом ёфт

© SputnikАбдухалим Назарзода в телесюжете "Шабакаи аввал" от 7 сентября 2015 года
Абдухалим Назарзода в телесюжете Шабакаи аввал от 7 сентября 2015 года - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти қудратии Тоҷикистон бо интишори як баёния расман хабари кушта шудани генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) ва ёрони ӯро тасдиқ карданд.

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Тибқи гузориши вижаи маркази муштараки матбуоти вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шоми дирӯз нашр шуд, амалиёти вижа оиди маҳви гурӯҳи террористӣ дар дараи Ромит ба анҷом расид, менависад сомонаи ВКД ҶТ.

Аз ӯ, ё аз каси дигар: Sputnik амволи “генерали фирорӣ”-ро ҷӯё шуд

"Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 16-уми сентябри соли 2015, соати 14:00, амалиёти зиддитеррористӣ оид ба несту нобуд кардани дастаи террористии собиқ муовини Вазири мудофиаи ҶТ Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода пурра ба охир расид",-омадааст дар хабари сарчашма.

Манбаъ мегӯяд, аъзои гурӯҳи Назарзода баъди якуним рӯзи таъқиб дар қисмати рости мавзеи Гусгеви дараи Ромит,  воқеъ дар 110-километрии шаҳри Ваҳдат ба иҳота афтоданд, вале баъди он ки кӯшишҳои гуфтушунид ва моил сохтани онҳо ба таслимшавӣ натиҷа надод, зимни оташи ҷавобӣ, саркардагони гурӯҳи террористӣ Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода,  Эшони Ҷунайд Умаров ва 10 нафар ҳаммаслакони онҳо нест карда шуданд.Аз ҷои ҳодиса теъдоди зиёди аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ мусодира гардид.

Ҳукумати Восеъ: фармондеҳи “Алфа” дар Тугарак ба хок супурда мешавад

Дар ин гузориш ҳалокати фармондеҳи воҳиди махсуси «Алфа»-и КДАМ полковник Амакиев Рустам Холалиевич ва 3 тани дигар аз нирӯҳои ОМОН ва «Алфа»-ро низ тасдиқ кардаанд.

Ҳамзамон, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои мақомоти дахлдор супориш дод, ки оилаҳои шахсони ҳалокшударо бо кумаку ғамхории ҳамаҷониба фаро гиранд.

Ёдрас менамоем, субҳи 4 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Душанбе алайҳи кормандони пулис, аз ҷумла Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамла сурат гирифт, ки дар пайи он наздик ба 10 корманди мақомоти қудратии кишвар кушта шуданд.

Вазорати умури дохилии кишвар пас аз чанд соати ин ҳамалот бо нашри изҳороте ин ҳамаро кори дастаи террористие хонд, ки гӯиё аз сӯи Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ташкил гардидааст. Масъулини ВКД дар изҳороти худ таъкид карданд, ки муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон узви ҲНИТ аст.

Матолиби марбут ба ҳаводиси 4-уми сентябр, ҳамла ба пулиси Ваҳдат ва Дастгоҳи марказии Вазорати дифоъ, инчунин ҷараёни амалиёти вижаро дар дараи Ромит аз ин ҷо мутолиа карда метавонед>>

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала